Чуноне ки ба мухбири мо дар дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, аз 23 май то 23 июли соли 2016 байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ оид ба пешниҳоди беҳтарин лоиҳаи ангоравии маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол» дар Боғи фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо» бо азнавсозии он озмуни кушод эълон гашта, ҳайати комиссия, шартҳои озмун ва консепсияи бунёди иншооти мазкур низ маълум шудаанд. Натиҷаи озмун бошад 30 июли соли 2016 ҷамъбаст ва ғолиби озмун муайян хоҳад гашт.
СССР