ХАБАРИ ДОҒ

ФБД барои бунёди хати парвози нав шарик меҷӯяд!

  • Чоршанбе, Май 25 2016

Фурудгоҳи байналмиллалии пойтахт барои сохтмони хати парвози нав дар фурудгоҳ, ки бояд барои парвозҳои ҳавопаймоҳои навъи Gargo – боркашонӣ мувофиқат намояд, шарик ва сармоягузор ҷустуҷӯ дорад.

 

Чуноне ки зимни сӯҳбати ихтисосӣ бо мухбири мо Исмат Абдуллозода, директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» қайд намуд, роҳбарияти фурудгоҳ айни замон бо якчанд созмонҳову ташкилотҳои молиявии ҷаҳони вобаста ба дастгирии молӣ ва ё ҷудо намудани грантҳои имтиёзнок барои бунёди хати парвози нав, ки махсуси парвозҳои боркашонӣ бошад, мубоҳиса ронда дар ҷустуҷӯи шарики боэътимод аст. 

Исмат Абдуллозода меафзояд, ки бо сабаби вогузор шудани ҳиссаи бузурги қарзи сохтмони терминали нави байналмилалӣбар дӯши ФБД, фурудгоҳ наметавонад хати парвози навро, ки тақозои замон аст, аз ҳисоби сармояи худ бисозад ва барои ин аз сармоягузорони хориҷӣ кӯмаки молӣ дар сурати қарзҳои имтиёзнок дархост кардааст.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter