Фурудгоҳи шаҳри Душанбе, алалхусус терминали навбунёди байналмилалии он хеле зебову роҳат сохта шудааст. Солҳои тӯлонӣ мо дар бораи вазъи риққатовари терминалҳои кӯҳнаи он менолидему менавиштем, ҳамеша мегуфтем, ки аз аэропортамон дар назди меҳмонҳову сайёҳони хориҷӣ шарм медорем. Ҳоло бошад терминали наву муосир дорем, вале боз ҳам ба қадраш нарасида, обрӯяшро 0 мекунем.
13.05.2016. Соати 10.00 барои гусели ҷиянам, ки ба Оренбург парвоз дошт, дохили терминали байналмилалӣ шудам. Мо қариб, дар охири бақайдгирӣ ва ба расмиятдарории чиптаву бағоч ба хатсайри №211-и ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» расидему ҷиянам пас аз хайрухуш вориди толори бақайдгирӣ шуд. Ман низ хостам 1 муддат дар фурудгоҳ барои пеш наомадани ягон мушкил ба ҷиянам бошам ва ба хотири гузаронидани вақт ба тамошои терминал оғоз кардам. Толори барҳаво, хеле замонавӣ ва аз лиҳози техникӣ ҷавобгӯ. Вале 1-2 ҳолате, ки дар ин ҷо дидам, ба назарам қобили қабул нест. Ман марди ҷаҳонгаштааму фурудгоҳҳои зиёдро дидаам, аммо дар ягон фурудгоҳи дунё надидаам, ки дар киоскҳои дохили терминал «Роллтон» фурӯшанд, аммо дар терминали байналмилалии Душанбе дар 1 гӯшае, ки ба ягон талаботи фурудгоҳиву хӯроквориву санитарӣ ҷавобгӯ нест, «Роллтон» мефурӯшанд! НОНСЕНС!
Дар рӯ ба рӯи қисмати воридшавӣ ба бақайдгирии чиптаву бағочи фурудгоҳ дӯконе мавҷуд аст, ки дар он нӯшокиву ширинӣ, баъзе намуди маҳсулоти қаннодӣ, чипсу хушкнон ва аз ҷумла «Роллтон» фурӯхта мешавад. Ин маҳсулот дар рӯи мизи гирди дӯкон чида шудааст, ҳоло он, ки бояд дар яхдон нигоҳ дошта шавад. Фурӯшанда-ҷавондухтаре, ки дар тан либоси махсус, на пешдоман ва на хилъат дошту мисли саҳнаи театр худро рангубор карда буд, бо садои баланди ғашовар ба кормандони кадом зерсохтори фурудгоҳ қаҳва омода мекард ва ба гапҳои бемаънии онҳо қоҳ-қоҳ зада механдид. Рӯи маҳсулоти қаннодияшро ду пораи дока пӯшида буду самовори чояш меҷӯшид. Дар байни шоколадҳо бошад 3-4 диски кӯчагии консертии ҳофизони ношинос барои фурӯш гузошта шуда буд. Ростӣ, фаъолияти чунин дӯкон дар терминали байналмилалии фурудгоҳ хеле шармовару ғайри қобили қабул аст. Кормандони фурудгоҳ байни худ бо садои баланд сӯҳбат карда, аз пӯшидашавии кадом 1 ошхонаи дигар таассуф мехӯрданд: «Ошхона боз мешуд, яктоӣ қурутоб ё шакароб мезадем!» мегуфтанд онҳо байни худ. Пас аз шунидани ин ҳарфҳо пеши худ фикр кардам, ки магар фурудгоҳи байналмиллалӣ ҷои шакаробу роллтон аст? Дар тамоми фурудгоҳҳо қаҳвахонаҳои хурдакак амал мекунанд, ки дар онҷо шириниву бутербродҳои гузошта мешаванд. Ба ғайр аз ин, дастгоҳҳои махсус низ амал мекунанд, ки онҷо ин номгӯ ғизо ҳаст ва бо гузоштани маблағ дилхоҳ ширинӣ ё бутербродро аз автомат харидан мумкин. Ин таҷриба дар фурудгоҳҳои Маскаву Алмаато низ хеле хуб роҳандозӣ шудааст, лек чаро соҳибкорони «боҳуши» мо фурудгоҳро, ки объекти стротегӣ аст, ба 1 фурушгоҳи кӯчагӣ мубаддал кардаанд!? Оё хуб нест ба ҷои ин 1 киоски маҷаллаву рӯзнома, китобу дискҳои махсус, ки дар бораи табиати нотакрори кишвар нақл мекунанд, рамзҳои миллӣ ва тӯҳфаҳои сафоливу сангин ифтитоҳ ёбаду мусофирон пеш аз сафар барои дӯстону ошноҳо барои ёдгорӣ тӯҳфаи Тоҷикӣ бубаранд? Роҳбарияти нави фурудгоҳро, ки мегӯянд аз рӯзи авали корияш ба ободкорӣ даст задааст, мебояд фурудгоҳро аз чунин нуқтаҳои ғайрисанитариву ғайристандартӣ тоза кунад. Мисли фурӯшандагони кассаҳои чиптафурӯшӣ, ки на либоси махсуси ягонаи ширкаташонро доранд, алалхусус ширкати «Тоҷик эйр» ва на одоби муошират. Фурудгоҳ ҷои қурутобу шакаробу роллтон ва дағалӣ нест! Ин фурудгоҳ сиоми Давлат ва Миллати Тоҷик аст ва онро ҳифз бояд кард! Мо метавонем!
Муҳаммадвалӣ Насибов,
сокини пойтахт