ХАБАРИ ДОҒ

Муллоҳо танбалу муттаҳаманд!

  • Панҷшанбе, Май 26 2016

Дар чанд нашри ахири газетаи мардумии «СССР» дар бораи риш ва муболиғаҳои домулло Эшони Нуриддин чоп шудан дорад, ки банда онҳоро мутолиа карда, ҷое ҳаловат бурдам ва ҷое дигар маъюс шудам. Аз ин рӯ, 2 таклиф дорам:

 

1.Ҳар касе, дар бораи касе, бахусус, ришдорҳо менависад, аксашон «реклама» нашавад, чунки лоиқи ин рӯзнома нестанд. Зеро бояд гуфт, ки вақте одамони ифротӣ ба акси онҳо менигаранд аз шодӣ ароба-ароба гӯшт мегиранд. Ин ришдорон ҷомеъаро фасл мекунанд, на васл ва онҳо худ ҳаргиз аз ҷудоиандозӣ ва таҳқиру тамасхур рӯ наметобанд. Онҳо бо гуфтан ислоҳ намешаванд. Тавре ки русҳо мегӯянд: «Горбатого магила исправляет», яъне «кӯзапуштро гӯр ислоҳ мекунад».

2.Кадоме аз ин мулло-эшонҳои ришдор дар ҷамъият кор карда, луқмаи ҳалол ба даст меоранд? Ҳеҷ кадомашон! Онҳо муфтхӯранд. Бо роҳи фиребу қаллобӣ рӯз мегузаронанд. Аз ин рӯ, сарчашмаи даромади онҳо бояд дақиқ ва андозбандӣ карда шавад.

Ман солҳои 1996-97 дар н.Ҷайҳун (н.Қумсангир) дар маъракае, ки ҳама гуна фирқа одам он ҷо ҳузур дошт, иттифоқан бо марди нуронии муъминободие, ки нав аз ҳаҷ баргашта буд, ҳамнишин шудам ва аз ӯ пурсидам, ки аз ҳама лаҳзаи хотирмон зимни зиёрати Каъба кадом ҳолат буд? Гуфт: «Мо аз Қумсангир 4 кас будем. 1 араб ба воситаи тарҷумон аз шуғли мо пурсид. Мо 3 нафар дар кадом вазифаю касбҳо кор карданамонро гуфтем ва ҳамроҳи 4-уми мо афзуд, ки муллои деҳа аст. Араб бо тааҷҷуб пурсид, ки муллоӣ чӣ касбест? Чун фаҳмид, ки мулло бо дуову фотиҳахонӣ рӯз мегузаронад, аз сӯҳбатамон дилгир шуду гуфт: «Мулло, Шумо инсони танбалу муттаҳам будаед!».

Таърих гувоҳ аст, ки рӯҳониён дар ҳар давру замон ақли одамонро масхара кардаанд. Ҳамон коҳинони маъбад (филми Ҳазрати Юсуф) дар замони худ бо фиръавнҳо ва фаҳмиши мардуми Миср «бузакбозӣ» карда, оқибат ба воситаи пайёмбар Юсуф саркӯб шуданд. Ман бо мақолаи Комрони Далер, сокини ш.Қӯрғонтеппа ошно шуда, ба ҷуръату фаҳмиши ӯ 100 офарин мегӯям.

ҶодуVSхук-дарди бадро давои бад!

Мақолаи Савфат Бурҳоновро бо номи «Хук-аҷали ҷоду» хонда, 1 достон ба ёдам омад. Мегӯянд, ки ҳазрати Исо ба ҷое мерасад, ки одамонаш ҳама саросар ҷоду шудаанд. Чун паёмбар аз вазъ огаҳ мешавад, ба онҳо мегӯяд, ки ба дохили рамаи хук дароед, то аз ҷоду наҷот ёбед. Ҷодушудаҳо ин амалро иҷро карда, аз ҷоду халос мешаванд. Яъне, воқеан ҳам хук ҷодуро мебурад. Зеро хук аз ҷоду батар аст ва дарди бадро давои бад гуфтаанд. Агарчӣ редаксия дар поёни мақола бо як тамкин сари ин мавзуъ шарҳе навиштааст, ман бошам ошкоро мегӯям, ки дар сураи Бақара, ояти 173 омадааст:

 «Истеъмоли гӯшти хук, ҳайвони худмурда, хун ва он чӣ, ки бо номи ғайри Худо забҳ мешавад, манъ аст». Дар идомаи оят чунин меояд: «Ҳар кӣ ночор шавад ва на саркашанда ва на аз ҳад даргузаранда, пас гуноҳе нест бар ӯ миқдори қути лоямут, на зиёда», ҳамоно Худованд омурзандаву меҳрубон аст. Ман гуфтаҳои Сафват ва Комронро кам надидам ва кам намедонам ва то тавонистам зам кардам.

Талбон Сафарови Мункӣ,

прокурори собиқадор, н.Вахш

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter