ХАБАРИ ДОҒ

Қӯрғонтеппа: 190 рӯзи ободонӣ!

  • Панҷшанбе, Июн 02 2016

Сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа имрӯз ба пешвози ҷашни 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии том дида дар чаҳорчӯбаи 190 рӯзи эълоншудаи ободонӣ дар шаҳр, ҳамарӯза кӯшишу ғайрати хешро баҳри сарсабзии кӯчаву хиёбонҳои Қӯрғонтеппа сарф менамоянд.

Аз он ҷумла, рӯзи 1 июн беш аз 700 нафар ба ҳашар баромада саҳми худро дар ободии макони зисти худ гузоштанд. Дар ин рӯз аз ҷониби Амирулло Асадуллозода – раиси шаҳри Қӯрғонтеппа барои ҳашарчиён хӯроки гарми нисфирӯзӣ низ ташкил карда шуд.

Дар радифи 190 рӯзи ободонӣ, ҳафтае 2 маротиба сокинони шаҳр бо азми хеш ба шанбегӣ баромада кӯчаҳоро аз партову алафҳо тоза карда ниҳолҳоро сафед мекунанд, гулгаштҳоро бо хок пур карда роҳравҳоро бо сангҳои ороишӣ мепӯшонанду кӯчаҳои маҳаллаҳои шаҳр асфалтпӯш мегарданд. Ба ғайр аз ин, аз ҷониби шаҳрдорӣ гулу гиёҳҳо ва буттаҳову дарахтони ороишӣ аз хориҷ харидорӣ карда шуда дар хиёбонҳои марказии шаҳр, алалхусус дар гирду атрофии теппаи рамзӣ шинонида хоҳанд шуд. 

Хабарнигори мо рӯзи 1 июн дар шаҳри Қӯрғонтеппа қарор дошт ва аз рафти корҳои ободонӣ аксбардорӣ кард.

Гузориши аксӣ аз Ҷамила Ҳусейнова

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter