ХАБАРИ ДОҒ

Троллейбусҳои пойтахт ҳам Wi-Fi-дор шуданд

  • Ҷумъа, Июн 03 2016

ҶДММ «Таком», ки хизматрасониҳои алоқаро таҳти тамғаи тиҷоратии  Beeline дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш мекунад, аввалин ширкати телекоммуникатсиониест, ки дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе Wi-Fi ҷорӣ кардааст.

Марҳилаи заминагузории лоиҳаи «Beeline Wi-Fi» дар автобусҳо моҳи апрели соли 2015 роҳандозӣ шуда дар марҳилаи авали лоиҳа танҳо дар 10 автобуси хатсайрҳои №№8 ва 18 таҷҳизоти махсус насб карда шуда ба мусофирон интернети бепулро пешкаш намуд. Бо гузашти 1 сол, имрӯз ширкати Beeline қисмати дуюми лоиҳаи «Beeline Wi-Fi»-ро роҳандозӣ намуда акнун алоқаи интернетиро дар троллейбусҳо – хатҳои сайри №№ 9 ва 12 ва боз 10 автобуси дигар низ пешкаш менамояд.

- Имсол мо ҷашнвораи 10 солагии ширкати Beeline-ро дар Тоҷикистон таҷлил менамоем. Бо инобати ин санаи барои ҳамаи мо муҳим ва боло рафтани ному шӯҳрати «Beeline Wi-Fi», пас аз автобусҳо, боз 10 троллейбусро, ки бо хатсайрҳои №№9 ва 12 ҳаракат мекунанд, шомил кардем. Тавсеаи Beeline Wi-Fi дар нақлиёти шаҳрӣ ин саҳми мо ба рушди Душанбе ҳамчун пойтахти муосири инноватсионӣ мебошад. Мо нақша дорем, ки лоиҳаро дар масофаи берун аз худуди Душанбе паҳн сохта нақлиёти минтақаҳоро ҳам бо интернети бепул таъмин намоем, чунин таҷрибаро Beeline дар дигар кишварҳо роҳандозӣ кардааст ва мо мехоҳем, ки он дар Тоҷикистон низ ҷорӣ шавад, - афзуд зимни сӯҳбат бо хабарнигорон сардори куллӣ Beeline Константин Колесов.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter