ХАБАРИ ДОҒ

Зиёда аз 20 рӯз мешавад, ки зарардидагони офати табиӣ дар ш.Панҷакент то ҳол аз кӯмакҳо бархурдор нашудаанд.

Селе, ки 9 майи соли равон дар Панҷакент омад, аз худ хисороти зиёд боқӣ гузошт. Дар натиҷаи боришоти борон оби сойи Зебон хеста, чандин хонаи мардум, идораву корхонаҳо ва боғу роғи сокинонро хароб сохт. Чандин нуқтаҳои савдо ва пулҳои одаму мошингузарро низ, ин офати табиӣ ба коми хеш фурӯ бурд. Вале бо вуҷуди он ки аз ин офати табиӣ 20 рӯз сипарӣ шуда бошад ҳам, зарардигон мегӯянд, ба онҳо тo имрӯз аз ҳукуматдорон (матлаб санаи 30.05.2016 навишта шудааст) аҳмияте надодаанд. Чанд нафар аз сокинони маҳаллаи Суғдиёни ш.Панҷакент зимни сӯҳбат ба мо шиква карданд, ки то ба ҳол тоза кардани лойобаву ахлот ва деворҳои чаппашудаи манозилашон ба онҳо муяссар нашудааст. Куҷо расад ба азнавсозии хонаҳо?! Шаҳриёр, яке аз сокинони кӯчаи Навоии маҳаллаи Суғдиён мегӯяд, аз соли 2003 то ба имрӯз аз зарари сел азият мекашад. Ба гуфтаи амаки Шаҳриёр, ҳар боре сел меояд, ба манзилаш медаромадааст: «Соли 2003 пас аз омадани сел ба мо ваъда карданд, ки аз пушти меҳмонхонаи «Интурист» замин ҷудо мекунанд. Он замон Қосим Қосимов раиси вилоят буд. Худи ӯ супориши кӯчонидани мо-оилаҳои зарардидаро дод. Вале он замин ба номи мову ба коми дигарон тақсим шуд. Ба тақдир тан додему Худо гуфтем дигар сел наояд. Аммо боз соли 2010 сел омад...».

ТВҳои давлатӣ чиро пинҳон мекунанд?

«Дар ин ҳавлии вайрона, ки мебинед, 5 хоҷагӣ зиндагӣ доштем. Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ ва намояндагонашон аз вилояту шаҳр омаданд, лек чизеро ба инобат нагирифтанд, гӯё чизе нашудааст. Шукри Худо, худамон зинда мондем», мегӯяд ин мӯсафед бо нигоҳи маъюсу ноумедона…

Ҳомидов Фаррух, сокини дигари ин маҳалла мегӯяд, то ба имрӯз 3 литр равған ва 1 халта орду чанд адад кӯрпача кӯмак карданд. 4 маротиба сел омада, ба хонаи мо зарар расонид, вале ягон бор ягон хел кӯмак нагирифтаем. Дар навбати замин аз соли 2009 истодаам. Ҳоло боз гуфтанд, ки рӯзи душанбе кӯмак мерасад, намедонам…

1 нафари дигар аз сокинони маҳаллаи Суғдиён гуфт, ки чизе намегӯям, зеро аз кадом 1 шабакаи ТВи кишвар омаданд, қариб ним соат гап задам, мушкилоту проблемаро гуфтам, аммо нишон надоданд. Фикр мекунам дигар гап заданам «маъно» надорад. Фақат ба 1 чӣ дилам месӯзад: Натавонистам сагамро наҷот диҳам...

Бобоев Раҳимқул, истиқоматкунандаи кӯч.Навоӣ, хонаи №18 ҳини сӯҳбат гуфт, замони омадани сел мо дар хона будем ва баромада натавонистем. Зеро аз 2 тараф сел омада буд ва илоҷи баромадан надоштему то паст шудани сел мунтазир нишастем. 

БОЛОИ СӮХТА НАМАКОБ

Дар ҳамин кӯча ба 13 хона зарар расид. Ягон нафар ҷиҳози хонааш намонд ва ғарқи лойу оби сел нашуд. Вале намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, то хона чаппа нашавад мо ба инобат намегирем. Дигар дар он хона зиндагӣ кардан, номумкин аст. Чунки ҳам нам задаасту ҳам деворҳоямон кафидааст. Худое нокарда дар вақти хоб хона фурӯ равад он гаҳ чӣ мешавад?

Аз кӯмакҳо ҳамагӣ танҳо орду равған аз ҳукумати шаҳр гирифтему халос. Шукри Худо дигар нафарони сахӣ ҳам ба мо гилему кӯрпача ва зарфҳо барои хӯрок оварданд. Ин нафар ҳам мехоҳад аз ҷои хавфнок кӯчад ба дигар ҷо. Ба андешаи Бобоев, 1 сабаби баромадани оби сойи Зебон ба кӯчаи онҳо, тоза накардани сойи мазкур будааст.

-Ҳар бор пас аз омадани сел 2-3 рӯз сойро тоза мекунанду бо ҳамин халос. Сой боз пур мешавад, вале дигар то сели оянда касе онро тоза намекунад. Ба мо ҷои хоб дар идорае ҷудо карданд, аммо он ҷо шароит надошт, ба замми ин шунидем, ки 1 нафарро дар он ҷо каждум газидаст. Мақоле ҳаст, камбағалро аз болои уштур саг мегазад. Аз тарси он ки фарзандони маро ҳам каждум нагазад маҷбур омадем боз ба ҳамин манзили вайронаамон. Каппа зада зиндагӣ карда гаштаем ночор. 

Воқеан вақте аз манозили зисти зарардидагони кӯч.Навоии ш.Панҷакент дидан мекардам, чандин хонаро деворҳояш афтидаву дар онҳо тарқиш пайдо шуда буд. Хонаҳои сокинон садамавӣ шуда, дигар имкони зиндагӣ дар он хеле кам аст. 

Хуршед Фозилов,

Панҷакент, СССР

PS: Вақте матлаб навишта мешуд, хабар расид, ки ташкилоти байналхалқии ЮНИСЕФ 1 миқдор маводи шустушӯӣ барои зарардидагон ёрӣ расонидааст.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter