Бартарияти ин бозор дар он аст, ки гӯшту чакка ва тухм дар дӯконҳои махсуси витринадор ва яхдондор фурӯхта шуда барои фурӯши ҳар гуна салату газакҳо низ витринаҳои сард сохта шуда истодаанд. Маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан пиёзу картошка ва сабзӣ аз хоҷагиҳои деҳқонии Масчоҳ, Ғончӣ, Ҳисор ва минтақаи Рашт оварда шуда нархи маҳсулоти фурӯшандагони инфиродиро паст мезананд. Тартибу низом инҷо ҷой дорад.
Камбудии ин бозор дар 1 бозори дигари ғайриқонуниест, ки ба «Сафариён» ягон алоқамандӣ надорад, вале дар шафати он ҷойгир асту фурӯшандагони меваю сабзавоти ин бозори ғайриқонунӣ, ки на танҳо дар роҳҳои пиёдагард, балки дар рӯи роҳи оҳан низ савдо мекунанд ва ин хатарнок аст. Тамоми ниҳодҳои назоратию марбутаи пойтахт аз ин падида огоҳанд, лек чаро то ҳол чора намеҷӯянд, муаммоест накшода!
СССР