Чуноне ки ба мухбири мо дар дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, рӯзҳои 4-5 июли соли 2016 баҳри пурфайзу эҳсон намудани дастурхони идонаи сокинон фурӯши 21 намуди анвои маҳсулоти ниёзи аввалия бо риояи нархҳои тавсиявии: 1 кг картошка -1 сомонию 20 дирам, карам – 80 дирам, бехпиёз - 80 дирам, сабзӣ -1 сомонию 50 дирам, помидор – 2 сомонию 50 дирам, бодиринг – 3 сомонӣ, себ-5 сомонию 40 дирам, биринҷ – 8 сомонию 50 дирам, нахӯд – 13 сомонӣ, лӯбиё- 8 сомонӣ, мош- 8 сомонӣ, равғани пахтаи доғкардашуда – 10 сомонӣ, гӯшти гов – 30 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд – 31 сомонӣ, шакар – 6 сомонӣ, чойи сиёҳ 17 сомонӣ, чойи кабуд -18 сомонӣ, 1 литр шир- 3 сомонӣ, 10 дона тухм – 6 сомонӣ, 1 кг орди навъи якум – 3 сомонӣ ва 1 дона нони 400 грамма 1 сомонию 50 дирам дар тамоми бозорҳои коммуналию хусусии дар марзи шаҳр фаъолиятдошта ба фурӯш гузошта хоҳад шуд.
СССР