Сафархон ҳамроҳи очааш Гулчеҳра ба бемористон интиқол ёфта, вале табибон тавонистаанд танҳо модарро наҷот диҳанд. Аз раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вил.Хатлон гуфтаанд, ки бемории хатарбори таби хунин 5 июл дар қаламрави ин ноҳия сабт шуда, талош доранд, он васеътар нашавад. Табибон лихорадкаро аз амрози махуфи сироятӣ дониста, одам ҳини гирифтор шудан ба ин беморӣ агар тӯли 3-5 рӯз зери назорат гирифта нашавад, дучори марг хоҳад шуд.