-Дурст аст, ки 2 сол боз кӯли «Комсомол» фаъолият надорад, зеро онро оби дарёи Зарафшон баланд гардида шуста буд. Аммо тайи 2 моҳ корҳои ободонӣ ва барқароркунӣ дар ин кӯл вусъат ёфта истодааст. Ният дорем, рӯзҳои наздик онро ба истифода диҳем. Мефаҳмам дар ин гармои 35-40 дараҷа, ҷое барои истироҳати ҷавонон лозим аст.
Ҳамчунин Зиёзода гуфт, ки ин 1 кӯл барои Панҷакент кам аст, мо меомӯзем ва агар ҷое пайдо шуд дар оянда барои истироҳат кӯли дигаре бунёд мекунем.
Хуршед Фозил,
Ш.Панҷакент