- Ман ҳар саҳар омори нарху навои меваю сабзавот ва маҳсулоти ниёзи аввалияро тариқи почтаи электрониам дастрас мекунам. Ба ғайр аз ин ҳафтае нест, ки аз ин ё он бозори пойтахт, алалхусус қисмати яклухтфурӯшияш боздид карда нархҳоро шахсан бубинам ва таҳлил намоям. Бовар кунед, нархи мева имрӯз назар ба ҳамин давраи соли гузашта арзонтар аст ва он ҳам меваи истеҳсоли кишоварзони ватанӣ. Талаби аз ин ҳам поинтар кардани нархи маҳсулоти кишоварзӣ хуб нест, зеро деҳқонону боғбонон имрӯз маҳсулоти хешро аз маблағи ба он сарфшуда ҳам арзонтар ба фурӯш гузошта истодаанд ва ин бар зарари онҳост, - таъкид дошт Иззатулло Сатторӣ, вазири кишоварзии ҶТ зимни нишасти матбуотӣ рӯзи 20.07.2016.
СССР