Чуноне ки ба мухбири СССР дар кумитаи мазкур иттиллоъ доданд, дар озмун ҷавонони синни аз 16 то 30-сола, ки аъзои гурӯҳҳои волонтёрон, ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ва дигар муассисаҳои самти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва таълимӣ, ки фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, метавонанд иштирок намоянд.
Барои ташкили самараноки озмун саволнома омода гардида, барои тамоми волонтёрон тавассути сохторҳои маҳаллӣ фиристода мешавад. Интихоби волонтёрони беҳтарин дар ду зина, 10 волонтёри беҳтарин (бо нишон додани номинатсияҳо) ва «Волонтёри сол- 2016»(1 нафар духтар ва 1 нафар писар) амалӣ мегардад, ки барои ин аз ҳисоби мутахассисони соҳа Комиссия таъсис дода мешавад. Комиссия кори худро дар асоси саволномаҳои ҷамъоваригардида ба роҳ мемонад.
Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд. Озмун то 1 ноябри соли 2016 давом ёфта, дар сатҳи ҷумҳурӣ бо тантана ҷамъбаст мегардад.
СССР