ХАБАРИ ДОҒ

Кам шудани парвозҳои транзитӣ аз масири ҳавоии Тоҷикистон

  • Панҷшанбе, Июл 28 2016

Дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ба 21 ҳазору 801 киштиҳои ҳавопаймоӣ хизматҳо пешкаш шуда ин ба 3642 адад нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта камтар аст. Коршиносони ин корхона яке аз сабабҳои камшавии парвозҳоро дар бӯҳрони молиявӣ ва таъсири он ба хати сайри парвозҳо мебинанд.

 

Чуноне ки Исмоил Ҷобиров, сардори КВД «Тоҷикаэронавигатсия» рӯзи 28.07.2016 зимни мулоқот бо намояндагони воситаҳои ахбори омма қайд намуд, сабаби камшавии парвозҳои транзитӣ аз масири ҳавоиӣ Тоҷикистон ин поинравии теъдоди парвозҳо ба самти Федератсияи Русия аз ҷониби ширкатҳои ватаниву хориҷӣ, аз моҳи апрели соли равон барои таъмир баста шудани фурудгоҳи Қӯрғонтеппа ва набудани масирҳои трансконтиненталии қулай дар Афғонистон барои ширкатҳои авиатсионие, ки тавассути фазои ҳавоии кишвари мо убур мекунанд, мебошад.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter