ХАБАРИ ДОҒ

Муминов аз «Деҳқон» ба «Шоҳмансур» рафт

  • Ҷумъа, Июл 29 2016

28 июли соли 2016 бо қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар 1 идда сохторҳои шаҳрӣ  тағйироти кадрӣ гузаронида шуд.

Чуноне ки ба мухбири СССР дар дафтари матбуоти раиси шаҳри душанбе хабар доданд, Хуршед Кабиров – мудири шӯъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсияи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Шералӣ Хушзода бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори Муассисаи давлатии «Раёсати обёрӣ»-Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе озод ва ба ин вазифа  Нурулло Алиев, Саидҷалол Муминов ба вазифаи директори КВД «Бозори Шоҳмансур» ва Зиёвуддин Наҷмиддинов ба вазифаи директори КВД «Бозори Деҳқон»  таъин гардиданд. То ин дам Саидҷалол Муминов роҳбарии бозори «Деҳқон» ро бар дӯш дошта Зиёвуддин Наҷмиддинов бошад директори меҳмонхонаи «Вахш»и пойтахт буд.

СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter