Айни замон тамоми таҷҳизоти аэронавигатсионии кишвар дар ҳолати хуби корӣ қарор дошта коршиносони КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ҳамаи марзҳо ва ҳудуди Тоҷикистонро метавонанд хуб гӯш кунанд ва зери назорат бигиранд. Ҳар 1 парвозе, ки аз масири ҳавоии мамлакат сурат мегирад, аз даромадан ба марз ва то баромадан аз он, роҳнамоӣ карда шуда ба ғайр аз ин боз 2 долони ҳавоии транзитӣ аз кишвари мо мегузарад. Дар ин бора рӯзи 28 июли соли 2016 зимни мулоқоти хеш бо журналистон Исмоил Ҷобиров, директори КВД «Тоҷикаэронавигатсия» хабар дод.
Бино ба иттиллои ӯ, яке аз долони қобили таваҷҷӯҳи киштиҳои ҳавопаймоии хориҷӣ, ки тавассути Тоҷикистон ба таври транзит парвоз мекунанд, ин долони «Осмон – Помир – Фирӯз» мебошад. Аз ин долон бештар ҳавопаймоҳое истифода мебаранд, ки ба воситаи фазои Қирғизистон ва Тоҷикистон ба Афғонистон парвоз мекунанд ва дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба воситаи ин долон 103 парвози транзитӣ анҷом дода шудааст.
Корхонаи мазкур дар 6 моҳи соли 2016 ба 149 ҳавопаймо хизматҳои аэронавигатсионӣ пешкаш намудааст. Ки аз онҳо 15-тоаш ширкати иҷрокунандаи парвозҳои доимӣ ва 134-тоаш ширкатҳои иҷрокунандаи парвозҳоиғайридоимӣ мебошанд. Аэродромҳои кишварамонро бошад дар ҷамъ 45 навъи киштиҳои ҳавопаймоӣ истифода бурдаанд.
СССР