Чуноне ки Хайрулло Раҳимов, директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» зимни мулоқоти хеш бо хабарнигорон иброз дошт, бархе аз ширкатҳои бонуфузи ҳавопаймоии кишварҳои номбурда ба «Тоҷик Эйр» пешниҳод намудаанд, ки дар ин бора фикр намуда назари хешро ба онҳо ирсол намоянд, зеро Тоҷикистон, ки дар маркази Осиё қарор дорад, метавонад истгоҳи хуби транзитӣ барои хатсайрҳои ҳавоӣ гардад ва дар баробари мусофирони чиниву покистониву ҳиндӣ, метавонад мусофирони тоҷикро низ ба Аврупо бубарад.
- Мо ҳоло дар бораи дубора роҳандозӣ намудани хатсайри Душанбе – Урумчи – Душанбе фикр дорем, ин пешниҳоди ҳамкоронро низ баррасӣ карда истодаем, зеро барои амалӣ ёфтани ин нақшаҳо тайёраҳои нав лозим аст ва дар ин маврид низ гуфтушунидҳои барои ҷудо карда шудани кредитҳо бо 1 қатор бонкҳо рафта истодааст, - таъкид дошт Хайрулло Раҳимов.
СССР