Инчунин, бо инобати дар Корхонаи воҳиди давлатии «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ» баргузор шудани намоиши ҷашнӣ ба сохторҳои зидахли шаҳрӣ дастур фармуда шуд, ки барои беҳбуд бахшидани ҳолати кунунии варзишгоҳ, ки дар тавозуни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, тадбирҳои муассир андешанд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, ҳамзамон аз фаъолон ва кулли сокинони шаҳр даъват ба миён овард, ки баҳри ҳифзу таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва суботи ҷомеа бо аз даст надодани ҳушёрию бедории сиёсӣ ҳамкориро бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ беш аз ҳарвақта тавсеа ва тақвият бахшанд.
СССР