ХАБАРИ ДОҒ

Беш аз 4,5 миллион сомонӣ – кӯмакпулии шаҳрдори табакаҳои ниёзманди пойтахт

  • Панҷшанбе, Авг 25 2016

Ба ифтихори 25 –умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба анъаноти худ шаҳрдории Душанбе 1 зумра шаҳрвандонро аз категорияҳои низёманди шаҳр бо кӯмаки молиявӣ  сарфароз гардонид. 

 

Чуноне ки ба мухбири мо дар дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, ин навбат барои қадргардонии 4887 нафар сокинони марбут ба категорияҳои мухталифи шаҳр тибқи Қарори Раиси шаҳри аз 24 августи  соли 2016  аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ 4 млн. 524 ҳазору 800 сомонӣ бо дарназардошти ба 73 нафар маъюбон ва иштирокчиён Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, як нафар  ҳамсарони ҷанговарони дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалокгардида ва 3967 нафар кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр ба ҳар кадоме ба андозаи 1000 сомонӣ, 1 нафар муҳосирабудагони шаҳри Ленинград 800 сомонӣ ва ба 48 нафар шахсони бо ордену медалҳои ИҶШС барои меҳнати фидокорона ё хизмати бенуқсони ҳарбӣ дар акибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарфарозгардида, 152  нафар шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, 115 нафар маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), 172 нафар маъюбони рафъи садамаи нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва 318 нафар кормандони сохторҳои кабудизоркунӣ 600 сомонӣ, барои расонидани кӯмакпулии яквақта ҷудо карда шуд. 

Кӯмаки молиявии мазкур тибқи муқаррароти Раиси шаҳр аз ҷониби масъулини шаҳрдорӣ ва ноҳияҳои пойтахт то 30 августи  соли 2016 дар расми тантанавӣ ба категорияҳои зикргардида тақдим карда мешаванд.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter