ХАБАРИ ДОҒ

Панҷакент: «Агроинвестбонк» пул надорад…

  • Сешанбе, Авг 30 2016

Сокинони шаҳри Панҷакент, ки тариқи бонкҳо маош мегиранд, нигаронӣ аз он доранд, ки маоши хешро саривақт ва пурра гирифта наметавонанд. Дирӯз ҳам чунин вазъ дида мешуд. Корафтодагон мегӯянд, кадом нафаре қарзашро ба "Агроинвестбонк" овараасту аз ҳамон ҳисоб маоши чанд нафар табибонро "доданд". Ба ҳамон чанд корманди тиб, ки дар навбат буданд, 100 сомонӣ сари ҳар нафар дода шудааст.

 

Зане, ки дар навбат буд, бо хитоб ба корманди бонк гуфт: «Додар, ман бояд ба фарзандонам либос харам, пагоҳ фардо мактаб сар мешавад. Бо ин 100 сомонӣ чӣ кор кунам?» 1 нафар аз сардори корхона, ки нахост номаш ифшо шавад, иброз намуд, ки 2 моҳ мешавад маоши кормандонамро надодаем. Бо ин 100-у 200 сомонӣ ман чанд рӯз бояд омада маоши 2 моҳаро гирам? Медонем вазъ аз боло чунин аст, инҷо филиал ҳаст, вале ҳамон калонтарҳояшон фикр намекунанд, ки муштариҳояшонро аз даст дода истодаанд? 

Ба гуфтаи корафтодагон, пули яклухтро кормандони бонк баъди ид ваъда карданд. Вале суол ба Алимардонов сарвари «Агроинвестбонк аст», ки баъди ид оё вазъ тағйир мехӯрад ё хайр???

Хуршед Фозилов, хабарнигори СССР дар водии Зарафшон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter