ХАБАРИ ДОҒ

Тағийрот дар ҳаракати хатсайрҳои мусофиркаши пойтахт

  • Ҷумъа, Сен 16 2016

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар самти ҳаракати якчанд хатсайри мусофиркаши пойтахт тағийрот ворид гардид. Акнун хатсайрҳои микроавтобусҳои №№52,54, ки қаблан тавассути кӯчаи Н. Қаробоев ҳаракат мекарданд, ба воситаи кӯчаи Соҳилӣ ба роҳ монда шуда теъдоди микроавтобусҳои хатсайри №33 низ дар кӯчаи Н. Қаробоев кам хоҳад шуд.

 

Чуноне ки дар сӯҳбат бо мухбири СССР Ғаюрбек Искандаров, директори МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» иброз дошт, ин тағийрот бо мақсади ба танзим даровардану мӯътадил гардонидани шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркаш дар кӯчаи Н. Қаробоев ва дар ин замина ҷоннок намудани фаъолияти хатсайрҳои троллейбус, аз байн бурдани тамбашавии беасос ва ҷамъшавии воситаҳои нақлиёт дар бурриши кӯчаҳои Н. Қаробоев – Фирдавсӣ, Н. Қаробоев – хиёбони Ҷомӣ, ки ба мунтазам ҳаракат намудани автобусу троллейбусҳо халали ҷиддӣ мерасонад, ворид карда шудааст.

Мутобиқи ин қарор, рӯзи 2-юм аст, ки хатсайрҳои №№52 ва 54 фаъолияти худро тавассути кӯчаҳои Н. Қаробоев, А. Деҳотӣ ва Соҳилӣ бо баромад ба хиёбони С. Шерозӣ ба роҳ мондаанд. Тибқи он шумораи микроавтобусҳои хатсайри №33 ҳам, ки ба воситаи кӯчаи Н. Қаробоев ҳаракат мекунанд, 50% кам карда шуда истгоҳи дар чорраҳаи маҳаллаи 46 қарор доштаи воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ низ ба 15-20 метр болотар кӯчонида дубора таҷдид мешавад.

Бино ба иттиллои Ғаюрбек Искандаров, ин қарор дар пайи шикоятҳои мусофирону шаҳрвандон ба шаҳрдорӣ қабул гашта ба корхонаҳои коммуналии шаҳри Душанбе супориш дода шудааст, ки фаъолияти троллейбусҳои хатсайрҳои №№4, 12 ва автобусҳои хатсайрҳои №№1,2 ва 18-ро дар ин кӯча ҷоннок намоянд.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter