ХАБАРИ ДОҒ

Бозори сарироҳии «Уялӣ» (дар шоҳроҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа) аз бенизомтарин ва ифлостарин бозорест, ки ҳеҷ гоҳ ислоҳ ва обод нашуд. Дар ин бозор мардум аз куҷое чизе ёбанд, оварда мефурӯшанд: Бозори бесоҳиб!!! Дар 2 тарафи роҳи бозор савдогарон дегҳоро аз пеши худ монда, ба хӯрокпазӣ машғуланд. Дар ин вақт шоҳиди ҳаракати подаи гов ва рамаи гӯсфандоне мешавем, ки чанг карда мегузаранд ва чангу ғубор болои дегҳои сарҳуй мерезад. Мизоҷони гурусна бошанд болои мизу курсиҳои пур аз чангу хоку лой нишаста хӯрок мехӯранд. Дар бораи тозагии меваю сабзавот ҳоҷати гап нест! Фурӯшандаҳо хилъат ва либоси хос надоранд ва фарқ намекунед, «клиент» кист? Тамоми навъи хӯроквориҳо рӯи хок фурӯхта мешаванд. Нонфурӯш нони аз дасташ ба замин афтодаро «пуф» карда, боз дар фурӯш мезанад. Дар гармии 30-40 градус, рӯи кулчақанди кремдор ва кексҳо пашшаҳо нишастаанду фурӯшандаро парвое нест. Аз рӯи талаботи санитарӣ маҳсулоти ширӣ ва гӯштӣ (колбаса, гӯшти мурғ) бояд дар яхдонҳои хос гузошта ва фурӯхта шаванд, лек дар ин бозори «сунъӣ» яхдон аз куҷо? Пас кафили сиҳатии мардум кист? Занҳои ин бозор рӯи миз зарферо монда, дар дохилаш дилу ҷигар ва шиши бӯгирифтаро ба фурӯш гузоштаанд. Аҷибаш ин аст, ки мардум боз онҳоро мехаранд ва мехӯрандееееее!!!!!! Ба яке аз занҳои «шишфурӯш» гуфтам, «шумо, идораи бойторӣ иҷозат доред?» Аз пушти ин зан марде саволамро шунида, пеш омада гуфт: «Худат кистед?» Ҳуҷҷати хабарнигориро нишонаш додам. Дар ҳамин ҳол духтури бойторӣ-Давлат Олимов, ки он ҷо ҳузур доштааст, гуфт: «Иҷозати бойторӣ дорад!». Гуфтам, ки агар дошта бошад, нишон диҳад. Олимов гуфт: «Ака, биё, ягон сомонӣ гиру рав, ғам надеҳ! Мон, ки инҳо гӯшташонро савдо кунанд…»!!!!!!!

Қодир Пиримқулов-қассоби собиқадор аз ш.Қурғонтеппа оид ба сифат ва тозагии маҳсулоти гӯштии ин бозор мегӯяд, «ҷигарҳои бирён ва обҷӯшон эҳтимол дорад, ки одамро ба касалии «эхинококк» мубтало кунад. Ин беморӣ аз кирме пайдо мешавад, ки дар дохили ҷигар аст!»

Ёдрас мекунам, ки ин бозори ба ном «Уялӣ» ҳар рӯзи якшанбе, дар 1 чуқурӣ, дар шоҳроҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа ташкил мешавад ва тартибу низом чӣ, ки ҳатто дару дарвоза надорад!!! Дар ин рӯз 1 шоҳроҳи калон-роҳи стротегӣ аз пробкаи мошинҳо комилан баста мешавад!!!

Баҳодур Уроқов,

Хабарнигори газетаи СССР дар вил.Хатлон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter