ХАБАРИ ДОҒ

Имрӯз, 16 сентябр яке аз духтурони дараҷаи олӣ, вакили Маҷлиси вакилони вил.Хатлон, дорандаи медали «Шафқат», ҷаноби Алихон Нуралиев-сардухтури беморхонаи ба номи Б.Воҳидов, 55 сола шуд. Мавлуд муборак шавад!

 

Нуралиев Алихон солҳост, ки мешиносамаш. Ӯ мардест, ки агар аз дасташ коре нисбати ҳалли мушкили нафаре ояд, «не» намегӯяд! Ман шоҳиди чанд воқеъа ҳам будам. Занеро дидам, ки бо ашки гирён вориди беморхона шуду дар нимароҳ истод ва намедонист чӣ кор кардану аз кӣ кӯмак пурсиданашро. Хостам фаҳмам, ки то куҷо мардум ё ин ки табибоне ҳаст, ки ба ин зани солхӯрда кӯмак кунанд. ва ё роҳ нишон бидиҳанд. Ӯро аз дур назорат мекардам. Назди Нуралиев даромад ва чанде пас бо чеҳраи кушоду болида ва бо табассум баромад. Ӯ аз он меболид, ки сардухтур ҷигарбандашро ройгон табобат мекунад.

Ба чунин марди саховатманд аз даргоҳи Худованди мутаъол хоҳони онам, ки чунин афроди дастгир ва муттакои ҷамъиятро нигаҳбон шавад. Илоҳо сафи чунин мардони хайрхоҳ ва сахӣ биафзоя. Ба Шумо комёбӣ ва муваффакиятхои калони тиббӣ таманно дорам. Бори дигар, Алихон Нуралиеви азиз, зодрӯз муборак !!!

Дусти наздики шумо Баҳодур!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter