ХАБАРИ ДОҒ

Туршии фолиевӣ – роҳи пешгирии иллати Спина бифида

  • Ҷумъа, Сен 30 2016

Мутобиқи омори расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии ҶТ дар соли 2015 дар Тоҷикистон 245 тифл бо нуқсони модарзодии Спина бифида таваллуд шудааст. Спина бифида – иллати модарзодии найчаи асаб аст, ки дар давоми 4 ҳафтаи аввали ҳомиладорӣ пайдо шуда дар ин ҳолат сутунмӯҳра нодуруст инкишоф ёфта ба дараҷаҳои гуногуни иллати доимии ҳароммағз ва системаи асаб оварда мерасонад. 

Чуноне ки профессор Абдусалом Воҳидов, ҷонишини директор оид ба корҳои илмии Маркази илмии ҷумҳуриявии педиатрия ва ҷарроҳии кӯдакона ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иброз дошт, айни замон сабаби ин беморӣ маълум нест ва тадқиқот то ҳол идома дорад.

- Мо медонем, ки кислотаи фолиевӣ метавонад хавфи спина бифидаро миёни кӯдакон дар батни модар коҳиш диҳад ва аз ин лиҳоз модарони оянда ҳангоми ҳомиладорӣ бояд аз ин туршӣ истеъмол намоянд. Кӯдакони бо чунин нуқсон тавлидшуда метавонанд дар сутунмӯҳраи худ захми кушода дошта бошанд, ки он зарари зиёд ба асабҳо ва ҳароммағз мерасонад. Гарчанде сӯрохии ҳароммағз дарҳол пас аз таваллуд бо роҳи ҷарроҳӣ табобат карда мешавад, аммо иллати асаб доимӣ мемонад. Он ба дараҷаҳои гуногуни фалаҷи пой ва қисмҳои поении бадан оварда мерасонад, ки аз ҷойгиршавӣ ва шиддати иллат вобастагии зиёд дорад. Ҳатто ҳангоми набудани иллати аён, устухонҳои мӯҳра метавонанд нодуруст ташаккул ёбанд ё кам бошанд ва ба иллати асаб ҳамроҳ шаванд,  - афзуд Абдусалом Воҳидов.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter