ХАБАРИ ДОҒ

1000 рӯзи муҳим дар ҳаёти инсон

  • Ҷумъа, Сен 30 2016

Норасоии микроэлементҳои ғизоӣ яке аз проблемаҳои ҷиддӣ дар Тоҷикистон буда айни замон 24% занони сини репродуктивӣ ва 29% кӯдакони то сини 5 сола аз камхунии бо сабаби норасоии оҳан пайдо шуда азият мекашанд. Оқибатҳои манфӣ ва аксаран якумрии норасоии микроэлементҳои ғизоӣ барои саломатӣ, инкишофёбӣ, кори имунӣ ва репродуктивӣ, маҳсулнокӣ ва рушди зеҳнӣ харобиовар мебошанд. Дар ин бора ба журналистон Шералӣ Раҳматуллоев, сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии кишвар дар чаҳорчӯбаи семинари «Ғизои солим – насли солим», ки рӯзи 30.09.2016 дар Душанбе баргузор гашт,  хабар дод.

-  Норасоии микроэлементҳои ғизоӣ ба ҳамаи гурӯҳҳои сину солашон гуногун таъсир мерасонад, вале кӯдакон ва занони сини репродуктивӣ аз ҳама бештар осебпазир буда, бо сабаби норасоии микроэлементҳои ғизоӣ, наметавонанд аз тамоми имконияту қобилиятҳои худ ҳамчун хонанда, волидайн, коргар ва шаҳрванд ба пуррагӣ бархӯрдор бошанд. Равзанаи имконият барои беҳтар намудани ғизо хурд аст – аз оғози ҳомиладорӣ то 2 соли ояндаи кӯдак, яъне 1000 рӯзи муҳим, зеро зарар ба инкишофи ҷисмонӣ, рушд ва ташаккули мағзи сар, ки дар ҳамин давра рӯй медиҳад васеъ ва то ҳадди зиёд бебозгашт аст, - афзуд Шералӣ Раҳматуллоев.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter