ХАБАРИ ДОҒ

Шаҳрдорӣ: обро захира кунед!

  • Душанбе, Окт 24 2016

Ҳукумати шаҳри Душанбе эълон медорад, ки аз 26.10.2016 сар карда дар маҳаллаҳо ва шаҳракҳои пойтахт ба муддати 1 шабонарӯзӣ аз рӯи реҷаи тасдиқшуда, оби нӯшокӣ қатъ гардида сокинони пойтахтро мебояд пеш аз қатъ шудани оби нӯшокӣ, бо теъдоди лозима онро захира намоянд. Қатъ гаштани оби нӯшокӣ ба аҳолӣ, бо сабаби гузаронидани корҳои профилактикӣ дар истгоҳҳои обкашӣ пеш аз мавсими зимистони соли ҷорӣ буда он аз рӯи реҷаи зайл сурат мегирад:

 I. Истгоҳи обтаъминкунии «Кофарниҳон»:

-ноҳияи Фирдавсӣ: маҳаллаҳои Гулбутта, Маърифат, Крупская-1,2,  61, 63, 64, 65 кӯчаҳои Н.Қарабоев, Қаҳҳоров, Фучик, Абдуллоев Нажмиддин;

-ноҳияи Шоҳмансур: кӯчаҳои Назаршоев, Қаротегин, Ховарон, Гулобод, Зебунисо, Чиноро-1,2, К.Хуҷандӣ, Восифӣ, Хайробод, Мастонгулов, Фучик, Карин Манн, Зафар, С.Р.Афардӣ, Улуғбек, У.Зоконӣ, А.Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ-аз бинои саристгоҳи роҳи оҳан то Меҳмонсаройи «Пойтахт» ва қисмати кӯчаи С.Айнӣ, то гардиши Фурудгоҳ, маҳаллаҳои 191, 192, Бинокорон, Комбинати коркарди чӯб аз соати 22-00 рӯзи 26 то соати 24-00 рӯзи  27 октябри  соли 2016 қатъ мегардад.

 II. Истгоҳи обтаъминкунии «Ҷанубӣ-Ғарбӣ»:

 -ноҳияи Фирдавсӣ: маҳаллаҳои 43, 64, 65 ва  кӯчаҳои Борбад, Фирдавсӣ; 

-ноҳияи Сино: маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона ва Ҳаёти нав, 11, 12, 13, 14, 15, 15А, 31, 32, 33, 52, 53, 83, 84, 103, 104, кӯчаҳои Нахимов, Мир, Юсуф Вафо, А.Қаҳҳорӣ, П.Сулаймонӣ, Тургенев, Р.Набиев, Ханжин, аз соати 22:00 рӯзи 2 то  соати  24:00 рӯзи 3 ноябри  соли 2016 қатъ мегардад.

 III. Истгоҳи обтаъминкунии «Худҷореъ»:

-ноҳияи И.Сомонӣ: маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ.Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ), инчунин Боғи С.Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ;

-ноҳияи Шоҳмансур: маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ,  Баҳорӣ ва Бадахшон-1,2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Академикҳо Раҷабовҳо ва С.Айнӣ аз хонаи 1то 77;

-ноҳияи Сино: маҳаллаҳои  Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Испечак 1,2, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол Қазоқон-1,2 ва Қарамиршикор, шаҳракҳои 82, 91, 92, 101, 102, 112, Зарафшон 1, 2, Испечак 1, 2, Муҳандис ва кӯчаи Бобо Ҳамдам;

-ноҳияи Фирдавсӣ: кӯчаҳои Қаҳҳоров, Н.Қарабоев то хиёбони Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, маҳаллаҳои Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор, кӯчаи Миралӣ, 23, 24 ва Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе аз соати 22-00 рӯзи 9 то соати 24-00 рӯзи  10 ноябри  соли 2016 қатъ мегардад.

 IV. Истгоҳи обтозакунии «Фишорӣ»:

-ноҳияи Сино: маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дьяков, Боғи ҳайвоноти шаҳрӣ, Варзишгоҳи марказӣ, Кохи Наврӯз ва кӯчаи Варзишгарон;

-ноҳияи И.Сомонӣ: хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С.Ғанӣ), хиёбони И.Сомонӣ, кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Ф.Шаҳобов, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин, Теҳрон аз соати 16-00 рӯзи 16 то соати 24-00 рӯзи  17 ноябри  соли 2016 қатъ мегардад.

 Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе тибқи 1 қарори хеш ба раисони ноҳияҳои И.Сомонӣ - Қурбонов А.Ҷ., Фирдавсӣ – Табарзода Ҷ.А., Шоҳмансур – Сиёмардзода С., Сино– Ализода С.А. ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» Исупов Ф.А. дастур додаст, ки дар давраи иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда, бо истифода аз автомобилҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter