ХАБАРИ ДОҒ

Конфронси илмӣ дар Қурғонтеппа

  • Чоршанбе, Окт 19 2016

Имрӯз дар шаҳри Қурғонтеппа Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар мавзӯи «Сабабҳои пош хӯрдани оилаҳо ва роҳҳои пешгирӣ намудани он» баргузор гардид. Шаҳрдори Қурғонтеппа-Амирулло Асадулло иброз дошт,ки дар муддати 5 соли охир зиёда аз 3500 нафар оила барпо намудаанд, ки аз онҳо 542 нафарашон аз ҳам ҷудо шудаанд. Шаҳрдор  афзуд, ки тавре таҷрибаи ҳаёти ҷомеа, тадқиқотҳои илмӣ ва таҷрибаҳои судӣ нишон медиҳад, сабабҳои пош хӯрдани оилаҳо чунинанд:

 

1.Тайёр набудани ҷавонон дар муносибатҳои оиладорӣ

2.Нагузаштани ташхиси тиббӣ пеш аз ақди никоҳ

3.Никоҳи хешутаборӣ

4.Мустақил набудани ҷавонон дар фикри худ

5.Зуровари дар оила

6.Якдигарнофаҳмиҳо дар оила

7.Дахолати волидайн ба оилаҳои навтаъсис

8.Таъсири манфии муҳити зист-рафиқу дугонаҳо, хешу табор, ҳамсояҳо…

9.Набудани фарзандон дар оила

10.Муносибати хунукназаронаи ҳама ба якдигар

11.Набудани эҳтиром байни ҳамсарон

12.Никоҳи маҷбурӣ

Дар ин конфронс эмомхатибон ва мақомоти дахлдор низ иштирок дошта, пешниҳодҳои худро доир ба ин мавзӯъ дар миён гузоштанд.

Баҳодур Уроқов

СССР вилояти Хатлон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter