ХАБАРИ ДОҒ

Мушкили «Turkish Airlines» техникӣ аст!

  • Ҷумъа, Дек 02 2016

Раёсати авиатсияи граждании вазорати нақлиёти кишвар мегӯяд, ки мушкилоти ширкати ҳавопаймоии туркӣ «Turkish Airlines» дар Душанбе, ки чанд рӯзи охир ба пеш омадааст, техникӣ буда он дирӯз ҳалли худро ёфт. Бояд  қайд намоем, ки тайи 1 ҳафтаи охир ҳавопаймоҳои ширкати мазкур, ки аз рӯи хатсайри Истанбул-Душанбе-Истанбул парвоз мекарданд, ба Душанбе намеоянд ва ин боиси нороҳатии мусофирон дар фурудгоҳҳои Истанбулу Душанбе гаштааст.

 

Чуноне ки ба мухбири мо дар вазорати нақлиёти кишвар иттиллоъ доданд, лочинҳои ҳавопаймоҳои туркӣ аз мушкили биниш ҳангоми фуруд дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе шикоят карданд, ки он ба фаъолияти системаи махсуси равшаннамоии аэронавигатсионӣ вобаста аст. 

Лочинҳои ҳавопаймоҳои «Turkish Airlines» мегӯянд, ки барои нишастан бояд масофаи то 5000 метрро бубинанд ва кори системаи онҳо чунин аст. Бо сабаби боришоти барфи ҳафтаи гузашта ҳавопаймоҳо аз Истанбул ба Душанбе парвоз накарданд ва сабаби ин ҳам набудани шароити биниши масофаи лозима барои фуруд буд.

Бино ба иттиллои намояндагии ширкати «Turkish Airlines» дар Тоҷикистон, парвозҳо дар ин самт қатъ нахоҳанд шуд.

СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter