ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Барф рӯб!

  • Ҷумъа, Дек 09 2016

Дар ин фасли пурбарфу сармо, ҳар субҳ вақте кӯча мебароем, фикр намекунем, ки замоне мо хобем, ҳазорҳо нафари дигар шабона ба кор баромада, баҳри тоза кардани роҳу роҳравҳо, хоб нестанд. Хоса, ин чанд рӯзи нахусти барфӣ, ки амсолашро Душанбе ва Тоҷикистон кайҳо боз надида буд. Маҳз заҳмати шабонаи регпошону роҳрӯбон ва ронандагони мошинҳои барфтозакун буд, ки мошинҳои мо тавонистанд субҳ бе мамониат ба ҳаракат дароянду аз рӯи хатсайр ҳаракат кардаву мардумро то ҷои кору таҳсил саривақт расонанд. Бо супориши редаксия мухбири СССР шаби 25 ба 26 ноябр-шаби сардтарин ва пурбарфтаринро дар якҷоягӣ бо кормандони Муассисаи давлатии истифодабарии роҳи н.Синои ш.Душанбе гузаронида, на танҳо шоҳид балки бевосита ҳамкори онҳо шуду бо занҳои роҳрӯб кӯчаҳои ноҳияи мазкурро хокпошиву тоза кард. Мо Метавонем!

 

 

Шаби вазнинтарин

25.11.2016. Соат бо вақти Душанбе 21:15 дақиқа. Бо сардори муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои н.Сино (МДИР) акаи Азизулло Зиёзода дар кӯч.Борбад вохӯрда, кӯчаҳои ҳудудӣ-марзиву маъмурии н.Синоро боздид мекунем. Аз кӯч.Борбад ба кӯчаҳои Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Шамсӣ, Н.Махсум ва хиёбони Сино рафта, кори техникаи хокпоширо назорат мекунем. Шиддати боридани барфи хушки сибирӣ дар ин соат боз ҳам бештар мешавад ва ин акаи Азизуллоро нигарон мекунад.

Соат бо вақти Душанбе 21:45 дақиқа. Ба идораи МДИР-и ноҳия омадем, тамоми ронандаҳо ва техникаи корӣ-65 адад мошинҳои барфрӯб ва 32 адад қумпош дар ҳолати омодабош қарор дошта, мошинҳои хокпош бонизом барои гирифтани қуми махсуси бо намак омехташуда навбат истодаанд, Ман ба яке аз мошинҳо нишаста ба самти кӯч.Карамов меравем. Соати 20:00 дақиқа барфи ин кӯчаро мошинҳои барфтозакун 1 маротиба тоза кардаанд, аммо бо гузашти 1,5 соат дубора қабати ғафси барф рӯи кӯчаро гирифтааст ва фикр мекунӣ, барфро дар асл касе тоза накардааст. Мо 8 тонна қуму намакро ба 4 км. роҳ пошида, дар 10 дақиқа мошинро холӣ кардем ва боз ба идораи МДИР баргаштем. Аксарияти мошинҳои қумпош то ин соат аллакай 3-4 маротиба ба минтақаҳояшон баромада, қум пошидаанд. Субҳ ҳисоб кардам, ки мошинҳои қумпош дар ин шаб то 12-14 маротиба барои хокпошӣ ба кӯча баромадаанд: 32х14=448 рейс!!! 448х8=3584 тонна қум! Яъне то мо дар хоби нозем, роҳрубон беш аз 3.5 ҳазор кило қуму намак танҳо дар 1 минтақае рехтаанду мо боз субҳ зуқ-зуқ мекунем, ки ҳукумат кор намекунад...

Убайдуллоев ва Ализода то субҳ бедоранд!!!

Соат бо вақти Душанбе 22:30 дақиқа. Нав ба коргоҳи Зиёзода медароем, ки занги телефон мешавад. Ёрдамчии раиси ш.Душанбе Олег Сабурович занг зада аз вазъияти корӣ ва кӯчаҳо пурсида таъкид медорад, ки бо супориши М.Убайдуллоев-шаҳрдори Душанбе, новобаста аз вазъи обуҳаво, соати 6-и субҳ кӯчаҳо бояд барои ҳаракати нақлиёт тоза бошанд! Пас аз 5 дақиқа раиси н.Сино Саиднуриддин Ализода занг мезанад, акаи Азизулло таъкид медорад, ки имшаб тамоми қувваи корӣ ба кӯча бароварда шуда, беист кор хоҳанд кард ва субҳ барои мардум мушкил пеш нахоҳад омад.

Соат бо вақти Душанбе 23:30 дақиқа. Бо акаи Азизулло боз ба мошин нишаста сӯи хиёбони Сино роҳ пеш мегирем. Назди муҷассамаи Абуалӣ раиси н.Сино-Ализода, сардори Муассисаи ободонӣ ва кабудизоркунии пойтахт-Самандар Бобоев, муовинони сардори ШБДА-Зиёратшо Хушов ва Умар Шамсиддинов қарор доранд. Расо 30 дақиқа машварати масъулини шаҳру ноҳия ва ШБДА давом дошт ва онҳо дар бораи таъкидҳои Убайдуллоев ба сохторҳои шаҳрӣ сӯҳбат карданд.

Соат бо вақти Душанбе 00:00 дақиқа. С.Бобоев, З.Хушов, У.Шамсиддинов ба самти Сирк рафтанд, то вазъи корро дар н.Фирдавсӣ бубинанд. С.Алиев ба самти маҳаллаи Зарафшон рафту мо бошем ба кӯч.А.Навоӣ роҳ пеш гирифтем. Расо 1,5 соат дар кӯчаву паскӯчаҳои маҳаллаҳои Зарафшону Испечак, маҳ.112 то дарвозаҳои ғарбии Душанбе гашта, акаи Азизулло ҳар замон аз мошин фаромада шиддатнокии резиши барфро месанҷид. Дар ин муддат телефонаш боре ҳам хомӯш набуд ва пайваста ба муовинон ва сармуҳандиси идорааш занг зада «ба ин кӯча қум равон кунед! Ба он кӯча бригадаи мошинҳои барфрӯб фиристед! Мошинҳоро зиёд надоред!» гуфта таъкид мекард.

26.11.2016. Соат бо вақти Душанбе 01:30 дақиқа. Ба идораи МДИР баргаштем. Пойҳои ман, ки аз сардӣ ях карда буданд, барои гармшавӣ ба утоқи сардор даромадам. Акаи Азизулло бошад ба анбори қум рафта, корро назорат мекард.

Соат бо вақти Душанбе 02:30 дақиқа. Бо акаи Азизулло боз ба мошин нишаста ба кӯча мебароем. Оҳиста-оҳиста ҳаракат намуда аз хиёбони И.Сомонӣ, Сино, Маяковский, Шамсӣ, А.Навоӣ, Н.Махсум, Ҷ.Расулов, Б.Ғафуров ва қисман Борбад дидан мекунем. Кӯчаҳое, ки 1,5 соат пеш аз барф тоза шуда буданд, боз дубора қабати ғафси барф роҳро маҳкам кардааст. Гӯё касе кӯчаҳоро тоза накарда бошад. Қуму намаке, ки ба ин ҷо пошидаанд, об шуда ҷой-ҷоеро сиёҳ карда буд. Акнун фаҳмидам, ки чаро пас аз рехтани хок барф сиёҳ мешавад.

Эй холаи ҷорӯбкаш, давлат ба сарат!

Соат бо вақти Душанбе 03.30 дақиқа. Акаи Азизулло боз ба алоқа баромада дастур медиҳад, ки тамоми мошинҳои қумпош ба кӯчаҳо бароварда шуда ба минтақаҳои худ қуму намак зананд ва пас аз он бригадаҳои мошинҳои барфрӯб корро сар кунанд. Ҳамзамон, дар ин вақт занҳои роҳрӯб низ ба кор баромада, дар минтақаҳои тақсимшудаашон ба тоза кардани барфи дарахтон, роҳҳои пиёдагард ва канори роҳҳои мошингард сар карданд...

Соат бо вақти Душанбе 04.30 дақиқа. Дар маҳаллаи Меҳробод занҳои кӯчарӯбро дида, аз мошин мефароям ва ба онҳо барои тоза кардани канори роҳи мошингард кӯмак мекунам. Барои ин кор аз ҷониби сармуҳандиси МДИР-и н.Сино бароям либоси махсуси корӣ низ доданд. Ба ҳар 1 роҳрӯб минтақаи муайян барои рӯфтану тоза кардан ҷудо шудааст: 2948 метри мураббаъ. Пас аз 10 дақиқаи барфрӯбӣ дасту пойҳоям хунук хӯрда, худам низ монда мешавам, «ҳеҷ гап не, ёд мегирӣ, якум бор ҳама чӣ мушкил аст!» - гуфта маро дилбардорӣ мекунанд занҳо ва боз кори худро идома медиҳанд. Офаринашон бод! Ман аз 10 дақиқа бештар натавонистам тоқат кунам ва ба сӯи мошини хизматии акаи Азизулло барои гарм шудан давида рафтам ва мо боздидро аз кӯчаҳои ноҳия идома додем.

Соат бо вақти Душанбе 05:30 дақиқа. Дар хиёбони Сино бригадаи мошинҳои барфрӯб маротибаи охир ба тоза кардани барф шурӯъ карданд. 4 мошин бо фосилаи 10-12 метр аз ҳамдигар, паси ҳам ҳаракат ва барфи хиёбонро тоза мекарданд. Саиднуриддин Ализода низ дар ним соат 1 бор ба алоқа баромада, аз вазъи ин ё он кӯча хабар карда, ҳушдор медод, ки корро ҷиддӣ гиранд. Бо пайдо шудани ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳо барфу яхи асфалт тез об мешуд. 

Субҳ фаро мерасад...

Соат бо вақти Душанбе 07:00 дақиқа. Хаставу хунукхӯрда ба идораи МДИР бармегардем. Пас аз мо техникаи қумпошиву барфрӯб низ бо навбат ба истгоҳи хеш бармегарданд. Фикр кардам, ки аз чунин кору чунин шаби фавқуллода кормандон ҳоло эътироз мекунанд, аммо на: Касе чизе нагуфт, ронандаҳо ва дигар коргарон, новобаста аз он, ки 3 шабонарӯз дар ҷои кор қарор дошта ба хонаашон нарафтаанд, хеле оромона ба утоқи истироҳат даромада аз чойю ноне, ки барояшон муҳайё шуда буд, тановул мекарданд: Нонатон ҳалол бод, мӯҳтарам ҳамкорони якшабаи ман. Ман акнун ба қадри заҳмати шабонарӯзиятон расида, онро ба дигарон низ тавассути газетаи мардумӣ мерасонам. Мо Метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова,

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter