ХАБАРИ ДОҒ

Оғози фаъолияти Маркази барқу гармдиҳии «Душанбе-2»

  • Ҷумъа, Дек 09 2016

Дирӯз, 8.12.2016 Маркази барқу гармдиҳии Душанбе-2 бо ширкати президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба таври расмӣ ба кор оғоз кард. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар толори агрегатҳо парда аз болои лавҳаи рамзӣ бардошта, бо пахши тугма ба фаъолияти навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе - 2 расман оғоз бахшид.   

Арзиши умумии лоиҳа 349 миллион доллари амрикоӣ буда, аз он 17 миллиону 443 ҳазор доллар саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Пудратчии асосии сохтмон ширкати ТВЕА-и Чин мебошад. Сохтмони навбати якуми «Маркази барқу гармидиҳӣ Душанбе -2» бо иқтидори 100 мегават моҳи ноябри соли 2012 оғоз гардида буд. Он то соли 2014 бунёд ёфта, бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Соли 2015 корҳои сохтмонӣ дар навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе - 2 бо иқтидори умумии 300 мегават нерӯи барқ ва 167 гикакалория гармӣ оғоз гардида, иншоот пеш аз муҳлат дар муддати 17 моҳ ба анҷом расонида шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи лоиҳаи сохтмони Маҷмааи истеҳсолии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе – 2, сохтмони зеристгоҳҳои барқии 220 киловолтаи «Шаҳринав», 110 киловолтаи «Ҳисор» ва сохтмони хати интиқоли барқи 110 киловолтаи «Ҳисор-Шаҳринав» ба нақша гирифта шуда, то ин муддат ишооти мазкур пурра мавриди истифодабарӣ қарор гирифтааст.

 

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter