ХАБАРИ ДОҒ

100 РӮЗИ НОМИВАЗКУНӢ-АЗОБИ ГӮР!!!

  • Панҷшанбе, Март 03 2016

Барои илова намудани насаби худ дар шаҳодатномаи фарзандам ба САҲШи н.Шоҳмансур рафтам. Дар роҳрави назди шӯъба корафтодаҳо мунтазири кушодашавии дари коргоҳ буданд. Дар кушода шуд. Пиру ҷавон саросема даромаданд. Ҳар кӣ ба ҳар утоқ навбат гирифта, ба Заррина ном коргар мақсади худро гуфтам.

Бо тавсияи ӯ чанд нусхаҳои заруриро 2 рӯз пас овардам. Ӯ ҳуҷҷатҳоро гирифта гуфт, ҳафтаи дигар биёям. Ҳафтаи дигар рӯзи сешанбе баъди навбатпоии зиёд даромадам. Хаёл кардам, ки имрӯз фарзандам соҳиби шаҳодатномаи сенома мегардад. Зарина ҳуҷҷатҳоро дароз карда гуфт: “Шумо бояд ба Ҳукумати н.Шоҳмансур равед, аз он ҷо Қарори Раиси ноҳияро барои иваз кардани номи писаратон биёред…”.

 

Ба ҳукумати ноҳия шитофтам. Вориди утоқи шӯъбаи қабули мактубҳо шудам. Далер ном коргар ҳуҷҷатҳоро аз дастам гирифта аз назар гузаронд ва гуфт, ки нусхаи шиносномаи худаму занам, ариза аз номи худаму занаму писарам, маълумотнома аз мактабу раиси маҳалларо гирифта биёрам. Ҳуҷҷатҳоро ҳам оварда ба дасти ӯ додам. 29.12.2015 таҳти №407 қарори раиси Ҳукумати н.Шоҳмансур оиди иваз намудани ному насаби ноболиғ Фирдавси Довудхуҷа ба Раҳимзода Фирдавси Довудхуҷа баромад. Қарори ҳукумат дар даст боз назди Зарина рафтам. Қарорро ба ӯ супорида оҳи сабуке кашидам, ки акнун баъди якуним моҳ писарам соҳиби шаҳодатномаи сенома мегардад…

 

- “Ана тамом, кадом рӯзе, ки хоҳед омада шаҳодатномаро мегиред” - гуфт Зарина. Ҳафтае пас бо дили пур назди Зарина омадам, ки имрӯз дасти холӣ намеравам, зеро ҳар дафъа писарам мепурсид: “Дада, шаҳодатномаи маро овардед?” Мутаассифона, имрӯз ҳам кор ба итмом нарасид. Зарина қарори Ҳукумату ҳуҷҷатҳои лозимаро дароз карда узрхоҳӣ кард: “Акаҷон, бахшиш, Шумо бояд аз н.Ховалинг ё аз раёсат шаҳодатнома гиред…”.

 

Бо табъи хира ба Раёсати бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ рафтам. Рӯз бегоҳ мешуд ва лаҳзаҳои охири рӯзи корӣ монда буд. Назди сардори раёсат аз даву този тӯлонӣ шикоят кардам. Ҳамроҳи муовини сардор ба дигар утоқ рафтем. Духтараке аз бойгонӣ китобҳои 2000-2001-ро оварда дар ҷустуҷӯи нусхаи шаҳодатнома шуд. Мутаассифона, он нусха ёфт нашуд. Бо ҳамин рӯзи корӣ ба охир расид. Бо асабоният аз дари раёсат берун шудам. Рӯзи дигар аз китоби соли 2003-и бойгонӣ нусхаи паспортро ёфтанд. Аён шуд, ки ману завҷаам соли 2011 шаҳодатномаи аҳди никоҳ гирифта будаем. Аз ин рӯ, барқарор кардани ҳуқуқи падарӣ лозим аст. Айни сӯҳбат корманди САҲШи н.Сино он ҷо ҳузур дошт. Ӯ ба сӯҳбат ҳамроҳ шуда, гуфт, ки ин мушкиле надорад агар хоҳишамон бошад ҳамроҳи занам ба утоқи онҳо равем корҳоямон буд мешудааст. Телефонӣ бо САҲШи н.Шоҳмансурро ҳамсӯҳбат шудам. Гуфтанд, ки пагоҳ наздашон равам. Ҳаминтавр ҳам кардам. Назди сардор омадам, дари коргоҳаш баста. Ба сардор занг задам, гуфт, ки «ҳоло дар раёсат ба ҳисоботсупорӣ машғул, Заринаро мегӯям, дарро кушояд». Зарина дарро кушод. Боз дубораю себора назди ӯ омадам. Воқеан, имзои занам лозим будааст. Баъди рӯзҳои истироҳатӣ ҳамроҳи завҷаам назди Зарина омадем. Хуллас, кор ба ҳадде расид, ки баъди гузашти 100 рӯз гирифтани шаҳодатномаи таърихӣ ба ман муяссар шуд. На аз САҲШи н.Шоҳмансур, балки аз Раёсати бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандии ҷумҳурӣ!!! Мардуми корафтода мисли ман имрӯз садҳо нафар бошанду илоҷи беҳ гардонидани ҳуҷҷатбозиҳоро аз Вазорати адлия пурсанд. Ман бовар дорам, ки ин мушкил дар ҳамаи САҲШҳои навоҳии атрофи пойтахт-Рӯдакӣ, Ҳисор, Варзоб ва Ваҳдат ҳаст!

 

Довудхӯҷа Раҳимзода, узви ИЖТ, 23.02.2016

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter