Зиёда аз ним сол мешавад, ки ошхонаи "Хуҷандиён" бо вуҷуди танқидҳо номи "Чингизхон"-ро аз рӯйхати рекламааш берун намекунад. Ошхонаи мазкур дар шаҳри Панҷакент воқеъ буда, хӯрокҳои гӯштӣ бисёр тайёр мекунад. Дар рӯйхати рекламаи хӯрокҳояш ғизое бо номи "Чингизхон" мавҷуд аст, ки ба гуфтаи кормандони ин ошхона аз 8 намуд гӯшт омода мешудааст. Аз ҳолати санитарӣ, сатҳи хизматрасонӣ ва набудани мошинаи хазинавию надодани чек ба муштариён дар ин ошхона шикоятҳои зиёди муштариён ҷой дорад. Нозироти андоз мегӯяд мо ин ошхонаро як маротиба барои надоштани мошинаи хазинавӣ ҷарима бастем. Намояндагони "Тоҷикстандарт" ҳам иброз медоранд, ки мо ин ошхонаро ҷарима бастем ва барои ислоҳи камбудиҳояш огоҳӣ додем. Аммо овозаҳое ҷой доранд, ки гӯё ошхонаи "Чингизхон"-ро "крышае" ҳимоят ва дастгирӣ мекунад. Вагарна чаро ин ошхона камбудиҳояшро ислоҳ намекунад? Мавзӯро пайгир мемонем!