Хазинадорони дағал
Соат бо вақти Душанбе 16:15 дақиқа.15 дақиқаи расо дар интизори чипта дар навбат истодаем. Шаҳноза ва Ҷамила-2 ҷавондухтаре, ки масъули хазина буданд, хеле суст кор мекарданд. Бар замми Шаҳноза нисбат ба Ҷамила хеле бадсухан ва бадмуомила буду ба ҷавоне, ки пеш аз ман дар навбат меистод, бадгуфторӣ кард: «Мебинед одам бисёр, ман 4-то даст надорам, тоқат кунед!». Ҷавон низ аз чунин муносибати кормандони марказ хеле асабӣ шуда хост эътироз кунад, аммо ман ба сӯҳбати онҳо ҳамроҳ шуда, ба ҷавондухтарон фаҳмонидам, ки онҳо бояд бо ҳамаи мизоҷон хушмуомила бошанд ва бо чунин рафтору муносибат ба обрӯи чунин 1 маркази муосири дилхушӣ латма назананд. Шаҳноза зери лаб «Боз маро ёд медиҳад» - гӯён аз хазина баромада рафт…
Кортҳои маҷбурӣ
Билохира, навбат ҳам расид. Ҷамила, ҷавондухтари дигар моро ба қайд гирифта чун бори аввал омадем, ному насаб ва рақами телефонамро низ пурсида, дар бойгонии марказ сабт кард. Кӯдаконам аз тамоми бозиҳо танҳо нишастан дар мошинро интихоб карданд, барои ин 2 чипта гирифтам – 1 чипта 10 сомонӣ барои 3 дақиқа! Ҷамила ба ҷои 20 сомонӣ, 30 сомонӣ талаб кард, пурсидам, ки 10 сомонии дигар барои чӣ? Гуфт, ки ба ивази 10 сомонӣ бароям корти марказро медиҳад-тартиби корашон чунин будааст! Ҳар вақт, ки ба инҷо омадам, кортро нишон дода, ба он пул мерезам ва баҳузур кӯдаконам бозӣ хоҳанд кард! Агар кортро гум кунам ҷарима дорад… Бо нарху навое, ки ин марказ дорад, дигар омаданам ба «Минйён» зери суол аст, лек аллакай пул гирифта ва корти маҷбурӣ ба дастам супорида шуд…
Чаро либоси ягона нест?
Вориди маркази дилхушӣ шудем ва кӯдаконро ба атраксиони мошин шинонида худамон ба тамошо шурӯъ кардем. Муассис марказро хеле хуб омода кардааст ва дар инҷо кӯдакону наврасон вобаста ба сину соли хеш метавонанд барои худ бозӣ ва машғулият пайдо намоянду вақти хешро хуш бигзаронанд. Лек чизе, ки диққати маро ба худ ҷалб кард-ин набуди либоси ягонаи кормандон буд. Одатан, дар чунин марказҳо кормандон либосҳои ягона, ки ба қаҳрамонҳои филмҳои тасвирӣ монанд аст, ба хотири хушҳолии кӯдакон ба бар мекунанд ва ин таомул дар тамоми дунё қабул шудааст. Пеш аз омадан ба «Минйён» фикр мекардам, ки тамоми кормандони марказ ба тан либоси зарди минйёншакл-қаҳрамонҳои филми тасвирии «Минйёнҳо» пӯшидаанд, аммо дар инҷо ин тавр набуд. Ҳар нафаре чизе хост пӯшидаву ҳатто фаррош низ либоси махсусашро фаромӯш карда буд. Меҳмононро танҳо ва танҳо 1 қаҳрамон-минйён пешвоз мегирифт, ки он ҳам барои дилхушӣ либос ба бар карда буд. Чаро ба кормандони «Минйён» либоси ягонаи махсус маъқул нест, нафаҳмидем…
Ку гардероб!?
Боз 1 чизи дигаре, ки маро нороҳат кард-набудани ҷойи либосовезӣ ва гузоштани сумкаҳо шуд. Дар баробари утоқи хазина 1 гӯшаи хурдакаке барои овехтани либосҳои хурдсолон буд, аммо он барои хизматрасонии тамоми меҳмонон кофӣ набуда, хурду калон бо либосҳои ғафс ва сумкаҳои вазнин вориди толор гашта, зебоии онро коста мегардониданд. Барои масъулини «Минйён» лозим аст, ки барои чунин рӯзҳои серодам, алалхусус рӯзҳои ид, барои гузоштани сумкаву либос шкафҳои махсус пешбинӣ намоянд, зеро даромадан бо либоси ғафс аз рӯи одоб нест ва ба назар хуб наменамояд. Таассуроти ман аз маркази дилхушии «Минйён» он қадар хуб набуд. Марказро дар ҳақиқат бо завқу салиқаи хос ва маблағи зиёд таъсис додаанд, ки офаринашон бод. Лек муомилаи дағали кормандон, надоштани либоси ягонаи махсус, ки тавсияи раиси ш. Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аст, набуди шароити лозима барои овехтани либос ва гузоштани сумкаҳо ҳусни марказро мекоҳонад ва ба имиҷи «Минйён» латма мезанад.
Роҳбарияти марказ бояд сари ин камбудиҳо фикр карда чораҳои мушаххас андешад. Ба қаҳвахонаи «Шоколадница» бошад» мо ҳатман дафъаи дигар меҳмон мешавем, зеро ҳама пулҳоямонро ин бор «Минйён» ҷабида гирифт. Мо метавонем!
Мино Аминзода,
Махсус барои СССР