Қосим Раҳбар, раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти ҶТ мегӯяд, ки вазифаи кумитаи навтаъсиси рушди маҳал ин такмил додани фаъолияти ҷамоатҳои деҳоти мамлакат буда кор дар ин самт оғоз шудааст.
Чуноне ки Қосим Раҳбар, дар нишасти нахустини кумитаи номбурда зикр намуд, айни замон дар ҳудуди ҷумҳурӣ 60 шаҳрак ва 370 ҷамоат фаъолият дошта мушкилоти аксарияти ҷамоатҳо имрӯз-ин набудани шаффофият дар фаъолият, штатҳои корӣ, камбуди молӣ, кам будани таҷриба ва надоштани иттиллоот мебошанд.
- Имрӯз фаъолияти ҷамоатҳо бештар 1 тарфа аст: ё ҳашар мегузаронанд, ё дар маъракаҳои сиёсӣ ширкат меварзанду ба мардуми ҷамоат ҳуҷчат менависанд, ҳоло он, ки фаъолияти онҳо бояд фарохтар бошад. Бо назардошти ин, мо 1 лоиҳаеро пешбинӣ кардаем, ки кору фаъолият ва хизматрасониеҳоеро, ки ҷамоат анҷом медиҳад, муайану мушаххас намуда дар оянда ба кормандони ҷамоатҳо статус низ бидиҳем. Мо бо ташкилоти байналмилалии USAID 1 лоиҳаи қарор тартиб додем, ки ба таври таҷрибавӣ 4 ҷамоати пилотӣ-Сучони Бадахшон, деҳаи Карим Исмоилови шаҳри Ваҳдат, шаҳраки Лучоби ноҳияи Ёвон ва шаҳраки Бобоҷон Ғаффурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров интихоб шуд. Мақсади асосии мо алоҳида кардани буҷети ҷамоату маҳалҳо мебошад, яъне ҷамоатҳо бояд мустақил бошанд. Мо медонем, ки ҷамоатҳо буҷет надоранд, онҳо танҳо моҳона мегиранду халос, - таъкид дошт Қосим Раҳбар.
СССР