Дар давоми соли 2016 аз тарафи комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар раванди баргузории маъракаҳо дар маҷмӯъ 22893 санҷиш гузаронида шуд. Ин нуктаро Ҷумахон Ғиёсов, муовини якуми раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ қайд намуд.
- Комиссияҳои доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар соли сипаригардида бо мақсади таблиғу ташвиқ, фаҳмондадиҳии моҳияти Қонуни мазкур ва риояи талаботи он дар соли равон 12886, аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе 398, вилояти Суғд 1983, вилояти Хатлон 3212, ВМКБ 1491 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 5802 сӯҳбату вохӯриҳо доир намуданд, - гуфт Ҷумъахон Ғиёсов.
Мутобиқи маълумот, барои вайрон намудани қонуни мазкур 912 парванда ба судҳои шаҳру ноҳияҳо ворид шуда, 767 парванда баррасӣ, 17 адад қатъ ва 128 адад парванда дар истеҳсолоти судӣ қарор доранд. Маблағи аз ҳисоби ҷаримаҳои парвандаҳои баррасисишуда 2 миллиону 427 ҳазору 590 сомониро ташкил медихад.
СССР