ХАБАРИ ДОҒ

Панҷакент аз Тселл розӣ нест!

  • Ҷумъа, Янв 13 2017

Чанде аз сокинони шаҳри Панҷакент мегӯянд, аз хизматрасонии интернетии ширкати Тселл тамоман розӣ нестанд. Вақтҳои охир суръати  интернети ширкати Тселл ба ҳадде суст аст, ки ҳатто наметавонанд оддитарин муоширатро тариқи "Вайбер" анҷом диҳанд. 

Садбарг, як сокини шаҳри Панҷакент мегӯяд, имрӯз баъди нисфирӯзӣ чанд муддат тариқи телефонам натавонистам ба интернет ворид гардам. Фаридун, дигар аз муштарии ширкати Тселл мегӯяд, ман дар Маскав чандин сол аст кор мекунам ва ингуна суръати пасти интернетро дар ягон гӯшаи Руссия надидаам. 

- Охир мо пул медиҳем барои истифодаи интернет, аммо чаро ин ширкатҳо ба мо интернети босифатро таъмин намекунанд? Ман намедонам ширкатҳо  дар ғами муштариён нестанд - мегӯяд ин нафар.

Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад вақтҳои охир суръати интернет дар ҳама ширкатҳо поён фаромадааст.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter