ХАБАРИ ДОҒ

Раҷаббой Аҳмадзода: ба ҳар шаҳрванди кишвар 6 сотих замини корами обӣ рост меояд!

  • Душанбе, Янв 16 2017

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар соли 2016 аз ҳисоби заминҳои партов 844га, аз ҳисоби чарогоҳ 595 га ва дигар заминҳо 99 га аз худ карда шуда, ба замини корам майдони умумии 1538 га, аз ҷумла 1498 га корами обӣ ба гардиши кишоварзӣ гузаронида шудааст.

Чуноне ки Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 16.01.2017 зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, санҷишҳо нишон доданд, ки дар соли 2016 ҳамагӣ майдони 12 830 га, аз он 10 247 корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун монданд, ки аз он бо сабабҳои бад будани ҳолати мелиоративӣ 9181 га ва корҳои ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ 3649 гектарро ташкил медиҳад.

Бино ба иттиллои раиси кумитаи мазкур, ба ҳар шаҳрванди кишвар 6 сотих замини корами обӣ рост меояд.

 

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter