ХАБАРИ ДОҒ

Душанберо аз танӯрҳо тоза мекунанд

  • Чоршанбе, Янв 18 2017

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба раисони ноҳияҳо , сардорони муассисаҳои хоҷагию коммуналӣ ва раёсатҳои он дар шаҳраку микрорайонҳои пойтахт супориш додаст, ки бо сокинон дар бораи одоби шаҳрдорӣ, ободонӣ, тоза кардани таҳхонаҳо аз ҳезуму қоғаз, барканор кардани танӯрҳо, ҷобаҷо намудани лӯлаҳои обу коррез, алалхусус оби гарм ва гармӣ сӯҳбат гузаронанд.

Чунин вохӯрӣ шоми дирӯз дар маҳаллаи 63-юми н. Фирдавсии пойтахт сурат гирифта намояндагони Ҳукумати ноҳия, муассисаҳои манзилӣ, хоҷагию коммуналӣ, шӯъбаи корҳои дохилӣ ва хадамоти оташнишонӣ бо сокинони маҳалла дар бораи фарҳанги шаҳрдорӣ, маромномаи сокини пойтахт, баргузор намудани ҳашару шанбегиҳои пайваста ва ободониву сабзкорӣ сӯҳбат карданд.

Аз ҷониби намояндагони хадамоти оташнишонӣ ба мардум тавсия дода шуд, ки ба хотири пешгирии сӯхтор дар наздиктарин фурсат таҳхонаҳоро аз чӯбу ҳезум ва картону қоғаз тоза намоянд. Масъулини меъмории ноҳия сокинонро аз он огоҳ карданд, ки дар рӯзҳои наздик тамоми танӯрҳои зеризаминӣ ва рӯизаминӣ дар назди биноҳои истиқоматӣ бунёд ёфта, барканор хоҳанд шуд. 

Инчунин, ба сокинон тавсия дода шуд, ки лӯлаҳои оби байни ошёнаҳоро, хусусан оби гарм ва гармиро, ки қаблан аз ҷониби шаҳрвандон худсарона бартараф карда шуда буд, дубора барақарор намоянд, зеро дар соли 2017 дар назар аст барои бо оби гарм ва гармӣ таъмин намудани сокинони н. Фирдавсӣ корҳои барқарорсозӣ оғоз шаванд.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter