Ҳукумати ш. Душанбе тасмим гирифтааст фаъолияти микроавтобусҳои мусофиркашони «Старекс»-у «Мерседес»-ро тавассути хиёбони С. Шерозӣ манъ намояд. Ин амал бо мақсади сабук намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва ҷорӣ кардани тартибу танзим дар ин хиёбон сурат гирифта ба ҷойи микроавтобусҳо дар ин хиёбон теъдоди бештари автобусу троллейбусҳо фаъол хоҳанд шуд. Чунин таҷрибаро нақлиётчиёни пойтахт дар мисоли хиёбони Рӯдакӣ доранд ва барои фароҳам овардани шароити лозима ба мусофироне, ки тавассути хиёбони С. Шерозӣ рафтуомад мекарданд, айни замон шаҳрдорӣ тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.
Чуноне ки ба мухбири СССР 1 манбаи боэътимод дар шаҳрдории пойтахт иттиллоъ дод, инчунин аз ҷониби шӯъбаи нақлиёти Ҳукумати ш. Душанбе дар самти ҳаракати тамоми хатсайрҳои мусофиркаши пойтахт тағийрот ворид карда шуда истодааст ва дар чанд рӯзи оянда ҷадвали нави ҳаракати микроавтобусҳо тавассути воситаҳои ахбори омма нашр мегардад.
Ҳукумати ш. Душанбе дар баробари танзими фаъолияти микроавтобусҳо, ният дорад истгоҳҳои имрӯзаи нақлиёти истифодаи умумро низ бо истифода аз таҷрибаи шаҳрҳои дигар таҷдид намояд.
СССР