ХАБАРИ ДОҒ

Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи роҳҳои Душанбе

  • Чоршанбе, Фев 15 2017

Эмомалӣ Раҳмон, президенти ҶТ имрӯз. Зимни мулоқоти хеш бо аҳли ҷамъоматчии пойтахт изҳор дошт, ки вазъи роҳҳо дар шаҳри Душанбе нигароникунанда буда таҳти назорати ҷиддии Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Масъалаи роҳҳо яке аз масъалаҳоест, ки дар шаҳр беҳбудӣ мехоҳад ва боиси ташвиши сокинони пойтахт мебошад, ба талаботи муосир ҷавобгӯ набудани роҳҳои шаҳр аст.

- Ҳукумат чанд сол пеш азнавсозии роҳи Душанбе – Ваҳдатро ба анҷом расонида, дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе — Турсунзода” дар ҳудуди шаҳри Душанбе барқарорсозии қитъаи роҳро аз чорроҳаи хиёбони Абӯалӣ Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе тибқи меъёрҳои замонавӣ оғоз намуд ва имсол корҳои таҷдиди қитъаи роҳро аз бозори “Корвон” то шоҳроҳи Душанбе — Қӯрғонтеппа шурӯъ менамояд. Умуман, дар доираи сохтмон ва таҷдиди шоҳроҳҳои Душанбе-Чаноқ, Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ — Қулма, Душанбе — Турсунзода, Душанбе –Қӯрғонтеппа — Панҷи Поён ва роҳҳои Душанбе – Айнӣ — Ҳисор, Душанбе –Рӯдакӣ — Лоҳур беш аз 42 километр роҳҳои шаҳри Душанбе ба маблағи 270 миллион сомонӣ азнавсозӣ карда шудаанд. Бо вуҷуди дар даврони истиқлолият таҷдиду азнавсозӣ гардидани 185 километр хиёбону роҳҳо ва 123 километр роҳҳои пиёдагард боз 550 километр кӯчаву роҳҳо ва 230 километр роҳҳои пиёдагард ба таъмиру азнавсозии ҷиддӣ эҳтиёҷ доранд ва на ҳамаи роҳҳои шаҳри Душанбе ба талаботи шаҳри муосир ва пойтахти мамлакат ҷавобгӯянд, таъкид дошт дар баромади худ Эмомалӣ Раҳмон.

 Бино ба гуфти сарвари давлат, яке аз омилҳои суст ба роҳ монда шудани азнавсозии инфрасохтори коммуникатсионии шаҳри Душанбе бесабаб тӯл кашидани ҷараёни сохтмону таҷдиди роҳҳо, сатҳи пасти касбияти ширкатҳои ғолиби озмунҳо буда, илова бар ин, сифати корҳои анҷомдодашуда ба талаботи замона мутобиқ нест.

 

СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter