Ҳоло дар ҳудуди шаҳри Душанбе 73 масҷид, аз ҷумла 4 масҷиди марказии ҷомеъ, 16 масҷиди ҷомеъ ва 53 масҷиди панҷвақта, 1 ҷамоатхона, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам ва 30 ташкилоти динии ғайриисломӣ фаъолият дорад. Илова бар ин, дар шаҳр соли оянда Масҷиди бузург ба истифода дода мешавад, ки маблағи сохтмони он қариб 700 миллион сомониро ташкил медиҳад.
- Дар шаҳри Душанбе бо мақсади амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 1 шӯъба, 4 бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, 5 комиссияи доимӣ ва 1086 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд. Вале аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар фаъолияти шӯъбаву комиссияҳои доимии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он камбудиҳои зиёд ба назар расида, то ба имрӯз аксари комиссияҳои ҷамъиятии ташкилоту муассисаҳо дуруст фаъолият намекунанд ва робитаи шӯъбаву бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он бо раисони маҳаллаҳо тибқи талабот ба роҳ монда нашудааст. Чунин ҳолат сабаби риоя нашудани муқаррароти қонунгузории танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар ҳудуди шаҳр гардида, мувофиқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ соли 2016 қариб 13 ҳазор ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст, - қайд намуд президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дирӯз зимни мулоқоти хеш бо фаъолони ш. Душанбе.
Ғайр аз ин, мақомоти судӣ 127 парвандаи ҷиноятиро баррасӣ намуда, нисбат ба вайронкунандагони талаботи қонун қарорҳои дахлдор баровардаанд.
Инчунин, бисёр ҳолатҳои аз меъёри муқарраршуда зиёд ҷалб намудани воситаҳои нақлиёт ҳангоми тӯйҳои арӯсӣ ва бо суръати баланд ҳаракат кардани онҳо ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳаракати муназзами дигар воситаҳои нақлиётро халалдор сохта, боиси ташвиши сокинони пойтахт гардидаанд.
СССР