Минбаъд тамоми маросими баргузории дафну азодорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд бидуни забҳи чорво ва бе додани таом гузаронида мешаванд. Ин раванд тибқи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сурат мегирад, ки он дирӯз аз ҷониби вакилони Парлумони мамлакат қабул гардид. Аз ҷумла, маросимҳои «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва бе додани таом гузаронида мешаванд.
Ҳамзамон дар Тоҷикистон баргузории маъракаи «ҳоҷизиёрат» аз ин ба баъд манъ гардида, дар оянда тартиби сафари шаҳрвандони Тоҷикистонро барои адои ҳаҷҷи фарзӣ ва умра Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
СССР