Он камбудӣ, зиёдаравию қонуншиканиҳое, ки дар тӯйю маъракаҳои мардуми қаторӣ ба назар мерасанд, сараввал ва бештар бо айби аксарияти мансабдорон, масъулони танзим, сархатибони масҷидҳо, раисони маҳалла, муллоҳои гузару кӯчаву тангкӯчаҳо сар мезананд. Мардум 2-3 хӯрокро пинҳонӣ барои ин қабил шахсони «патриот» омода мекунанд. Инҳо дар маъракаҳои шахсони доро хӯроки 1-у 2-ум…ро хӯрда, дуо карда, оҳиста, хапу дам баромада мераванд. Вале масъулони танзим дар маъракаҳои мардуми қаторӣ ва камбизоатон аз таги нохун чирк мекобанд. Агар қонуншиканиҳоеро парванда мекунанд, гувоҳи он аст, ки гунаҳкорон «доля»-и танзимро надодаанд…
Аз намоишҳои телевизионӣ бояд чунин хулоса кард, ки қонуншиканӣ маҳз аз ҷониби бойбачаҳо рӯй медиҳад, зеро онҳо масту аласт бо мошинҳои иномаркаи гаронарзиш дар кӯчаҳои пойтахт «газ»-у «кокс» дода, воҳима карда мегарданд ва касе сади роҳи онҳо намешавад. Вале дар ҳисоботҳои оморӣ фақат мардуми қаторӣ ҷарима шудаасту халос. Агар муллоҳои маҳаллаҳо, кӯчаю гузарҳо 1 маротиба самимӣ (на риёкорона) ба мардум фаҳмонанд, ки нисбати танзим зиёдаравӣ накунанд, ин масъалаҳо ҳалли худро зуд меёбад. Қонуни танзим айбе надорад, ҳар айбе ҳаст дар масъулони танзим аст. Ман таклиф ва пешниҳод мекунам, ҷои пардохти иҷозатномаҳое, ки қабл аз баргузории тӯйҳо аз танзими назди ҷамоатҳо дода мешавад, аз мардуми камбизоат наситонанд. Ин пулро барои обунаи ин ё он рӯзномаю маҷаллаҳо равона кунанду мардумро газитхону босавод! Нисбати масъулони танзим низ чораҳо андешида шавад, то аз вазифаҳои бар дӯш доштаи худ суистифода накарда, ба тақаллубкорӣ роҳ надода, ҳамаро ба 1 чашм бинанд. Зеро Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ба мардуми камбизоат бояд сабукӣ орад, на вазнинӣ. Мо метавонем!
Табаралӣ Авсақолов,
узви Ихвон-ал-СССР, н.Фархор