Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» дар соли 2017 беш аз 15 млрд кВт.соат энергияи барқ истеҳсол намуд, ки он нисбат ба соли 2016 дар ҳаҷми 955,8 млн. кВт-соат зиёд мебошад. Аз ҷумла, истеҳсоли энергияи барқ дар марказҳои барқу гармидиҳӣ ба 980,9 млн.кВт.соат баробар шуд, ки нисбат ба соли 2016 380,8 млн. кВт-соат афзоиш ёфтааст. Дар ин бора ба намояндагони воситаҳои ахбори омма Мирзо Исмоилзода, раиси ШСХК «Барқи тоҷик» рӯзи 14.02.2018 хабар дод.
- Яке аз проблемаҳои асосии соҳа, ки имрӯз моро ба таш¬виш овардааст, ин дар сатҳи ниҳоят паст пардохт шудани маблағ аз тарафи баъзе истифодабарандагони азими ҷумҳурӣ мебошад. Новобаста ба дастгириҳои соҳаи хоҷагии оби ҷумҳурӣ аз тарафи Ҳукумати мамлакат, ки аз соли 2010 то ин ҷониб нисбат ба онҳо тарифи имтиёзнок татбиқ шуда истодааст, соли 2017 корхонаҳои Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ пардохти маблағи барқро ҳа¬магӣ дар сатҳи 2,7% таъмин намуданд. Дар 7 соли татбиқ гардидани тарифҳои имтиёзнок барои насосҳои обкашӣ даромади молӣ ба маблағи зиёда аз 980 млн. сомонӣ кам гардида, ба вазъи молиявии ШСХК «Барқи Тоҷик» таъсири манфӣ расонида ис¬тодааст. Бо мақсади рӯёнидани қарзҳои дебиторӣ ширкати «Барқи Тоҷик» соли 2017 ба 2450 нафар муштариёни қарздор ба маблағи зиёда аз 173,2 млн. сомонӣ иддао пешниҳод на¬муд, ки аз ин маблағ 49,8 млн.сомонӣ, ё ин ки 28,8%-и маб¬лағи пешниҳодшуда ба суратҳисоби ширкат ворид шу¬даст, - иброз намуд Мирзо Исмоилзода.
СССР