Салом ба газетаи дӯстдоштаи мардуми тоҷик СССР! Ба тамоми мусалмонон моҳи шарифи рамазон муборак бошад. Ин моҳи хайру савоб аст, аммо тоҷирони беимон имсол низ чун ҳар сол моҳи шарифро моҳи қимативу гаронӣ кардаанд. Чаро касе коҳиш додани нарху навои маҳсулотро ба ӯҳда намегирад? 2 сол пеш агар дар кишвар 30 фабрикаи парандапарварӣ фаъолият мекард, нархи 1 дона тухм 80-90 дирам буд. Ҳозир бошад беш аз 60 фабрика кор мекунаду нархи 1 дона тухм то ба 1,60 сомонӣ баромадааст. Ба ҷои арзонӣ, қиматӣ. Ҳар чӣ қадар фабрика зиёд шавад, ҳамон қадар нархи тухми мурғ гарон мешавад, шояд фабрикасозиро бас кунем!?
Рустам Бобоев