Корхонаи муштараки AKIA AVESTO бори нахуст дар мамлакат ба бандубасти автобусҳои тамғаи «AKIA» оғоз кард. Ифтитоҳи расмии ин корхона дирӯз бо ҳузури президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ сурат гирифта, иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади навсозии парки техникии ш.Душанбе барои харидории 100 автобуси тамғаи “AKIA” бо дарназардошти бандубасти он дар ҳудуди ҶТ шартнома ба имзо расонида шудааст.
Бино ба итиллои расмӣ, ҷиҳати интиқоли автобусҳо ба ҶТ корҳо идома дошта, айни замон 13 автобус ворид гардид ва то имрӯз бандубасти 10 адади он ба итмом расидааст. Масъулони корхонаи муштарак нақша доранд, ки дар кишвар истеҳсоли 5 намуд автобусҳои дохилишаҳрӣ ва беруназшаҳриро бо дарназардошти мутобиқати он ба стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монанд. Тибқи иттилои масъулон, баробари ба фаъолият оғоз намудани корхонаи нав иқтидори истеҳсоли автобусҳо дар 1 сол аз 250 то 300 ададро ташкил дода, шумораи кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ на кам аз 200 нафар хоҳад шуд. Корхонаи мазкур дар мӯҳлати 1 сол сохта мешавад.
СССР