ХАБАРИ ДОҒ

Занро ғами алимент, муллоро ғами ҷаноза

  • Панҷшанбе, Март 01 2018


Тибқи одат ҳар субҳ ба варзиши тан машғулам ва ба дигарон ҳам тавсия медиҳам, ки ба варзиш ҳатман пайванданд. Субҳе бо 1 муллои шиносам, ки ришашро бо панҷаҳояш бо кару фар маҳс кашида мегузашт, вохӯрдам. Агарчӣ аз ман дида хеле ҷавон буд, гуфтамаш:
-Ҳа, ҳадди домулло, дар ин субҳи содиқ ба хайр?
Домулло гуфт:
-Оё медонӣ, дар пайи ба даст овардани муғчае равонам.
Бо кунҷковӣ гуфтам:
-Муғчааш чӣ маънӣ дорад?
Оҳи сарде кашида гуфт, ки «аз буғча (тӯрхалтаи тӯю ҷаноза…) маҳрум гаштем. Дар ин рӯз баҳри амонии рӯзгор аз буғча ба муғча омода шуда истодаем». Дар хотимаи суҳбати сарироҳӣ гуфт, ки «Худо аз ин бад накунад…».
Дар сар кушодани ҳавои ин муаммо ҷои кор рафтам. Дар ҷои корам 1 зани рангпарида бо 2 фарзандаш менишаст ва гуфт, ки барояш ариза оид ба эътирофи падарӣ ва рӯёндани алимент нависам. Ӯ қиссаҳоеро нақл кард, ки бо ғаму ғуссаи домулло мувофиқ меомад. Яке дар ғами муғчаву дигаре дар ғами буғча-рӯзгори гумкарда…
1.Маро шавҳарам аз Русия тариқи телефон 3 талоқ кард.
2.Баъди 1 моҳ аз Русия омада зани дигар гирифт.
3.Ба гуфти муллоҳо вай барои шавҳараш ҳаром аст.
4.Қонуни оила ва оиладорӣ ба такмил ниёз дорад.
5.Муллое, ки хатти талоқро ба таври расмӣ (бо чашмаш!!!) набинад, хоҳ мард бошад, хоҳ зан (агарчӣ никоҳи суннатӣ ин амалро иҷозат додааст), набояд даст ба никоҳи нав занад.
6.Давлати СССРро бисёриҳо лаънат мехонанд, ман баръакс таърифаш мекунам, зеро дар он давр то хатти талоқ намешуд, оилаи нав барпо кардан номумкин буд. Офарин СССР!!!

Ҷоҳилу оқил…
Чӣ иттифоқ афтод, ки дар 1 рӯз ҳам ба ҷоҳилу ҳам ба оқил вохӯрдам? Ин зан суҳбаташро давом дода, гуфт, ки яке аз омилҳои пайдарпайи вайрон шудани оилаҳоро дар никоҳи бемавқеи таъҷилӣ, ки аксар маврид барои ба даст овардани буғчаю муғча сурат мегиранд, мебинад. Тавре Марк Твен дар асари номдораш «Шоҳзода ва гадо» овардааст: «Король умер, даздравствует король!». Яъне никоҳкунанда-муллоҳо ба қавле «гӯр ҷӯшаду дег сӯзад» ба хотири тӯрхалтаҳояшон ҳамеша барои бастани ақди никоҳи мусалмонӣ омодаанд. Дар ин бора, муфтиёт, масъулони Кумитаи дин, имомхатибон, олимони ба ном соҳаи ҳуқуқ оид ба рафъи ин масъла чӣ гуфтаниянд? Хоса, воизи гӯёи давр Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов чӣ мегуфта бошад? Аз нақли ин зан, лоиҳаи аризаашро тартиб додам. Ӯ ба ман 20 сомонӣ дод ва ман онро гирифта ба фарзанди ӯ, ки тақрибан 3-4 сола буд, додам. Кӯдакаш хурсанд шуд. Баъдан фаҳмидам, ки он зан сағера калон шудааст. Табиатан, ки сағера доно мешавад ва таърих инро исбот кардааст.

Муаммое, ки нафаҳмидам
Вақти хайрухуш ӯ ба ман гуфт, «наход таърих такрор шавад?» ва ин мисраъҳои Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиро хонд:
Гӯянд, ки Ҷомиё чӣ мазҳаб дорӣ,
100 шукр, ки харсунниву сагшиа наям.
Ростӣ, куллиёти Ҷомишро хондаам, лек бо ин байт ҳич во нахӯрда будам. Он зан тақозо кард, ки маъно ё худ таърихи пайдоиши ин шеърро бигӯям. Ба хотири аз вазъият баромадану тезтар халос шудан бо ин шеъри Ҷомӣ ӯро гусел кардам:
Аз бозии филу шоҳ чун дармондем.
Рух бар рухи ту ниҳодаву мот шудем.
Аз кулли хонандагони СССР мехоҳам, касе дар бораи байти гуфтаи он зан чизе медонад, нависад. Мо Метавонем!

Талбон Сафаров,
собиқадори мақомоти прокуратура, н.Вахш тел: 93 551 64 48

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter