Раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи Модар ва ҷашни байналмилалии Наврӯз бо мақсади ҳавасманд намудани занону бонувони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, хоҷагиҳои манзилию коммуналии ноҳияҳои пойтахт, фаррошони дастгоҳи раиси шаҳр ва сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе, ки дар тозагию ободонии пойтахт ва биноҳои маъмурӣ саҳми арзанда доранд, 2 920 000 сомонӣ ҷудо намуд.
Масъулин вазифадор гардидаанд, ки то 6.03.2018 маблағҳои ҷудогардидаро ба бонувон дастрас намоянд.
СССР