ХАБАРИ ДОҒ

Бозори «Ҳоҷӣ Шариф» зидди экология аст!

  • Панҷшанбе, Июн 07 2018


«Ҳоҷӣ Шариф» яке аз бузургтарини бозор дар қаламрави вил.Хатлон ба ҳисоб рафта, сокиноне, ки дар ҳамсоягии ин бозор зиндагӣ мекунанд, ба дод омадаанд. Қисматҳои ин бозор дар 2 канори роҳи мошингард ҷойгир буда, бозор бениҳоят калон аст. Сокиноне, ки дар биноҳои баландошёна мезиянд, ба мухбири СССР аз он шиква намуданд, ягона майдончаи хурдакаке, ки барои бозии кӯдакони атроф муайян шуда буд, айни замон аз ҷониби роҳбарияти ин бозор ғасб шуда, ба қисмати оҳакфурӯшӣ табдил ёфтааст. Сокинон мегӯянд, дар робита ба ин борҳо ба вакили маҳалла ва ба роҳбарияти бозор арз кардаанд, лек касе то имрӯз чорае наандешидаасту зарари оҳак бошад рӯз аз рӯз дар ҳоли афзоиш аст. Чуноне, ки мухбири СССР дар минтақаи вилоят шоҳид гашт, воқеан ин майдони бозии кӯдакона ҳоло ба бозори оҳакфурӯшӣ табдил ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки аз ин мавзеи оҳакфурӯшӣ то бинои зист 30 метр масофа буда, кӯдакон дар назди оҳакҳо бозӣ карда, атрофи ин қисмат маҳкам нест. Худи оҳакфурӯшон бошанд бо ниқоб фаъолият карда, мегӯянд, онҳоро роҳбарияти бозор дар ҳамин макон ҷой кардааст. Мардум мегӯянд, ҳангоми холӣ кардани оҳак аз мошинҳои гаронвазн чанги оҳак ба фалак печида, ба хонаҳои сокинон медарояд ва ин ба саломатии мардум зиён дорад. Табибон мегӯянд, чанги оҳак ба сиҳатии одам зарари ҷиддӣ дошта, бояд макони фурӯши оҳак аз ҷои зист дар масофа аз 200 то 300 метр дур ва атрофаш маҳкам бошад. Мо натавонистем роҳбарияти бозори мазкурро пайдо карда, дар бораи чӣ гуна ба бозор табдил ёфтани майдончаи кӯдакон бипурсем. Инчунин, бароямон хеле аҷиб намуд: Чаро вақте дар ш.Душанбе масъулин кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар ҳар 1 микрорайону маҳалла майдончаи варзишиву бозии кӯдакона бунёд кунанд, дар Бохтар баръакс, ба ҷои бунёду нигоҳ доштани майдончаҳои мавҷуда онҳоро ба бозор табдил медиҳанд!?

Баҳодур Уроқов,
СССР, вилояти Хатлон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter