Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз 1.07.2018 парвозҳои чартериро дар хатсайри Душанбе -Анталия (Туркия) оғоз менамояд. Парвозҳо дар ин масир дар даҳ рӯз 1 маротиба анҷом дода шуда, фармоишгари хатсайри мазкур ширкати сайёҳии «Компас», намояндаи ширкати мазкур дар бозори сайёҳӣ — ҶДММ «Transavia Express» мебошад.
Бино ба итиллои Тимур Биндишоев, котиби матбуотии ширкати мазкур, парвозҳо дар хатсайри Душанбе- Анталия дар ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва 900 амалӣ гашта, парвоз 5 соат тӯл кашида, самти бозгашт ба Душанбе 4 соату 40 дақиқаро ташкил медиҳад. Аз моҳи майи соли равон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро дар самти Душанбе-Истанбул дар 1 ҳафта 3 маротиба – рӯзҳои сешанбе, ҷумъа ва якшанбе зиёд карда, ҳамчунин вақти парвозро тағйир дод.
Ба хотири роҳати мусофирон аз 18 май вақтҳои парвоз аз Душанбе ва аз Истанбул тағйир дода шуданд. Акнун вақти парвоз аз Душанбе соати 05:30 ва аз Истанбул ба Душанбе соати 21:30 ба вақти маҳаллӣ муқаррар карда шудааст. шуд.
Ҷадвали мазкур ба мусофирони тоҷир имкон медиҳад, ки субҳ ба Истанбул парвоз намуда, 1 рӯзашонро ба манфиат гузаронанд ва субҳи дигар боз ба Душанбе баргарданд. Дӯстдорони саёҳат имкон доранд рӯзҳои истироҳатиро истифода намуда, дар муддати 3 рӯз манзараҳои зебои Истанбулро тамошо кунанд ва ба Душанбе дар рӯзи аввали ҳафтаи корӣ баргарданд.
Душанбе-Анталия, хатсайри нави чартерии ширкати «Сомон эйр»
Матлабҳои дигар
ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД
_______________________________________________
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар